Март 19, 2021 20:06 Asia/Dushanbe
  • 29 исфанд: Меросе пурифтихор барои миллати Эрон

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон 29 исфанд -  рӯзи миллӣ шудани санъати нафтро меросе пурифтихор барои миллати Эрон донист.


Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар сафҳаи шахсии худ дар фазои маҷозӣ навишт: “29 исфанд хуштарин рӯзи поёнии ҳама солҳои муосири мост. Рӯзи миллӣ шудани санъати нафти Эрон, рӯзе ки бо дирояту ҳиммати марҳум доктор Муҳаммади Мусаддиқ сарфасле нав дар барномаи тавсеаи миллии Эрон кушуд ва меросе пурифтихор барои миллати мо ба ҷо монд”.

Ҷаҳонгирӣ афзуд: Аз таърих метавон ва бояд дарсҳои муҳим барои имрӯз ва оянда омӯхт.

Тарҳи миллӣ шудани санъати нафти Эрон 20 марти 1951 бо пешниҳоди аъзои камиссиюни нафт дар маҷлиси Эрон ба тасвиб расад ва нафти Эрон ба таври расмӣ миллӣ шуд.

 

 

Барчасп