Март 20, 2021 16:24 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб соли 1400 -ро Соли тавлид, пуштибониҳо, монеъзудоиҳо номгузорӣ карданд
    Раҳбари муаззами инқилоб соли 1400 -ро Соли тавлид, пуштибониҳо, монеъзудоиҳо номгузорӣ карданд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1400 ҳиҷрии шамсӣ, бо табрики иди Наврӯз соли навро “Соли тавлид, пуштибониҳо, монеъзудоиҳо” номгузорӣ карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1400 ҳиҷрии шамсӣ бо табрики иди Наврӯз ба ҳаммеҳанон, ба вижа хонаводаҳои муаззами шаҳидону ҷонбозон ва ҳамаи миллатҳое, ки Наврӯзро гиромӣ медоранд ва бо ибрози умедворӣ ба касби баракоти моддиву маънавӣ аз тақоруни соли нав бо идҳои шаъбония ва мутабаррик шудани соли 1400 ба ду иди нимаи шаъбон ва ҷашни валодати ҳазрати валии аср (аҷ), соли навро “Соли тавлид, пуштибониҳо, монеъзудоиҳо” номгузорӣ карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ соли 1399 -ро омехта бо ҳаводиси гуногун ва бесобиқа, ба хусус падидаи ноошнои корона хонданд ва афзуданд: Корона зиндагии мардум, аз ҷумла касбу корҳо, муҳитҳои дарсӣ, иҷтимооти динӣ, варзиш ва сафарҳоро таҳти таъсир қарор дод ва зарбаи сахте ба иштиғол дар кишвар зад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҷон бохтани даҳҳо ҳазор тан аз мардуми азиз дар асари коронаро талхтар аз ҳамаи ҳаводиси 1399 донистанд ва бо талаби раҳмату мағфирати илоҳӣ барои ҷонбохтагон, бо хонаводаҳои доғдори онон ибрози ҳамдардӣ карданд.

Эшон ба шикаст кашонидани фишори ҳаддиаксарии душманро дурахшиши дигаре аз тавоноиҳои миллӣ дар соли 1399 баршумурданд ва афзуданд: “Душманони Эрон ва дар раъси онҳо Амрико дар садади ба зонӯ даровардани миллати Эрон буданд. Албата мо медонистем, ки миллат меистад ва онҳо шикаст мехӯрданд, аммо имрӯз ба эътирофи худи амрикоиҳову рафиқони аврупоияшон, фишори ҳаддиаксарӣ шикаст хӯрдааст”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома ба арзёбии мизони таҳаққуқи шиори соли 1399, яъне “ҷаҳиши тавлид” пардохтанду гуфтанд: Бар асоси гузоришҳои зиёди мардумӣ ва давлатӣ, ҷаҳиши тавлид то ҳадди қобили қабуле дар бахшҳое аз кишвар таҳаққуқ ёфт.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ шиори ҷаҳиши тавлидро як шиори комилан инқилобӣ хонданд ва хотирнишон карданд: Таҳаққуқи ҷаҳиши тавлид ҳам таъсироти амиқи иқтисодӣ дар кишвар, аз ҷумла дар масъалаи арзиши пули миллӣ дорад ва ҳам боиси эътимод ба нафси миллӣ, ризоиятмандии умумӣ ва тазминкунандаи амнияти миллӣ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ эҷоди мушаввиқҳое, аз ҷумла мушаввиқҳои сармоягузориро лозимаи ҷаҳиши тавлид хонданд ва афзуданд: Авзои касбу кор дар кишвар бояд ба гунае бошад, ки афрод ба сармоягузорӣ дар тавлид ташвиқ шаванд ва аз афзоиши ҳазинаҳои тавлид ҷилавгирӣ шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ соли 1400 -ро ба иллати дар пеш будани интихобот ва ҳамчунин вуҷуди заминаи муносиб барои шукуфоии ҷаҳиши тавлид, соле ҳассосу муҳим хонданд ва афзуданд: Интихоботи хурдоди 1400 ва рӯйи кор омадани мудириятҳои ҷадиду эҳтимолан тозанафас ва бо ангезаҳои қавӣ, имсолро соле бисёр муҳим, ҳассос ва таъсиргузор дар ояндаи кишвар кардааст.

Раҳбари муаззами инқилоб исломӣ афзуданд: Чӣ давлати кунунӣ ва чӣ давлати оянда, бояд бо ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи қонунӣ, давлатӣ ва ҳукуматӣ аз тавлиду рафъи мавонеи он ҳиммат кунанд, ки имсол ҷаҳиши тавлид ба маънии воқеӣ таҳаққуқ ёбад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп