Номнависӣ аз довталабони дарёфти ваксинаи эронии корона
Сухангӯи пружаи ваксинаи эронии корона ба номи « Фахро » аз оғози сабти номи довталабони дарёфти ин ваксина хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, сухангӯи пружаи ваксинаи эронии Фахро рӯзи сешанбе гуфт : « Тамоми афроди солими байни 18 то 55 сол, ки мехоҳанд ваксинаи коронаии Фахроро дарёфт кунанд метавонанд ба унвони довталаб дар ин тарҳи миллӣ сабти ном кунанд ва пас аз гузарондани мароҳили озмоишҳо ва муъоинаҳои пизишкӣ дар сурати таъид шудан, ваксина бизананд . »
Вай ибрози умедворӣ кард, ки бо талошу ҳиммати мутахассисону донишмандони эронӣ ва мушорикати мардумӣ ҳарчӣ зӯдтар марҳилаҳои аввалу дуввуми корозмоии болинии ваксинаи Фахро бо муваффақият тай шавад .
Сеюмин ваксинаи эронии корона, ки ба ёди донишманди шаҳиди Эрон доктор Муҳсини Фахризода, " Фхро " номгузорӣ шуда дар созмони « Пажӯҳишу навоварии вазорати дифои Эрон » тавлид мешавад.
Доктор Муҳсин Фахризода-раиси пешини Созмони пажӯҳишу навоварии вазорати дифои Эрон буд, ки дар ноябри 2020 дар наздикии шаҳри Теҳрон террор шуд .
Ду ваксинаи эронии дигар барои корона ба номҳои Кув Эрон баракат ва Кув Порс низ дар пажӯҳишгоҳҳои Эрон мароҳили мухталифи тавлидро мегузаронанд .
Бештар бихонед :