Вокуниши Эрон ба изҳороти Раиси Ҷумҳурии Афғонистон
(last modified Thu, 25 Mar 2021 05:39:19 GMT )
Март 25, 2021 10:39 Asia/Dushanbe
  • Эрон эълом кард, ки ҳамкориҳоро бо Афғонистон дар соҳаи об ва энергетика истиқбол мекунад
    Эрон эълом кард, ки ҳамкориҳоро бо Афғонистон дар соҳаи об ва энергетика истиқбол мекунад

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон ба суханони Раиси Ҷумҳурии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар бораи ҳақобаи Эрон аз дарёи Ҳилманд вокуниш нишон дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон Саид Хатибзода рӯзи чаҳоршанбе дар бораи ифтитоҳи сади Камолхон дар Афғонистон рӯи дарёи Ҳилманд гуфт: «Бар асоси қарордоде, ки соли 1972 милодӣ байни ду кишвар ба имзо расид, ҳаққобаи Эрон комилан мушаххас шудааст ва давлати Афғонистон низ ба он мутааҳҳид аст.» 

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон таъкид кард Эрон аз изҳороти Раиси Ҷумҳурии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барои табдили об ба мавзӯи ҳамкории байни ду кишвар истиқбол мекунад.

Сарбанди Камолхон дар дарёи Ҳилманд, 18-километрии ҷануби Заранҷ, маркази вилояти Нимруз дар ҷанубу ғарби Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузури Раиси Ҷумҳурӣ Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ифтитоҳ шуд.

 Ғанӣ дар маросими ифтитоҳи сарбанди Камолхон гуфт Кобул ба тааҳҳуди худ дар баробари ҳақобаи Эрон аз Ҳилманд пойбанд аст ва агар Эрон оби бештаре бихоҳад Афғонистон ҳозир ба мубодилаи об дар баробари нафт аст. 

Вай таъкид кард оби Ҳилманд муоҳидаи кулли Афғонистон бо Эрон аст ва мавзӯи оби сарбанди Камолхон низ бо ин муоҳида татбиқ дода хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: