Март 27, 2021 14:45 Asia/Dushanbe
  • Барномаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои Эрону Чин роҳи ҳамкориҳои Теҳрон ва Пекинро дар 25 соли оянда боз мекунад
    Барномаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои Эрону Чин роҳи ҳамкориҳои Теҳрон ва Пекинро дар 25 соли оянда боз мекунад

Вазири корҳои хориҷии Чин, ки дар Теҳрон қарор дорад, бо мушовири Раҳбари муаззами инқилоб ва намояндаи махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба робитаҳои стратегӣ бо Чин мулоқот кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо; Ванг И ва Алии Лориҷонӣ дар ин дидор зимни гиромидошти панҷоҳумин солгарди барқарории равобити дипломатӣ  миёни Эрон ва Чин бар густариши ҳамаҷонибаи равобити дуҷонибаи мубтанӣ бар мушорикати ҷомеи роҳбурдӣ таъкид карданд. 

Тарафайн ҳамчунин бо ибрози хурсандӣ аз ниҳоӣ шудани барномаи ҳамкории ҷомеи миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Чин, ҳамоҳангии наздики ду кишварро барои иртиқои ҳамкориҳои баландмуддат ва стратегӣ хостор шуданд. 

Барномаи ҳамкории ҷомеъи Эрон ва Чин масири ҳамкориҳои Теҳрону Пекин дар 25 соли  ояндаро равшан мекунад. 

Алии Лориҷонӣ намояндаи вижаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар равобити роҳбурдӣ бо Чин дар ин дидор бо ишора ба рӯйкарди Эрон дар сиёсати хориҷӣ гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди равобиташ бо кишварҳо мустақил тасмим мегирад. 

Вазири хориҷаи Чин дар ин дидор гуфт: Равобити Чин бо Эрон таҳти таъсири шароити рӯз нахоҳад буд, балки доимӣ ва стратегӣ хоҳад буд. 

Ванг И ҳамчунин бо ишора ба равобити торихӣ ва дӯстонаи ду кишвар, аз ниҳоӣ шудани барномаи Ҷомеи равобити роҳбурдӣ дар кишвар ибрози хурсандӣ кард. 

  Вазири хориҷаи Чин имрӯз ҳамчунин бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп