Рӯҳонӣ: Агар Амрико ба тааҳҳудоташ баргардад, мо ҳам бармегардем
(last modified Wed, 31 Mar 2021 11:48:19 GMT )
Март 31, 2021 16:48 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Амрико ирода дошта бошад, дар як рӯз метавонад таҳримҳоро бардорад, мо ҳам бармегардем
    Рӯҳонӣ: Амрико ирода дошта бошад, дар як рӯз метавонад таҳримҳоро бардорад, мо ҳам бармегардем

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, агар ирода қавӣ бошаду амрикоиҳо ба қабли таҳримҳо баргарданд, мо ҳам ҳамон рӯз ба ҳамаи тааҳҳудотамон амал мекунем.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат бо баёни ин ки таҳрим зулми бузурге ба миллат Эрон аст, ки бояд бардошта шавад, иброз дошт: Агар ирода қавӣ бошад, Амрико дар як рӯз метавонад таҳримҳоро бардорад, мо ҳам бармегардем ба тааҳҳудоте ки аз қабл доштаем.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки муқассири сад дарсад дар баҳси таҳрим Амрико буд ва ҳеч кас наметавонад нисбат ба он тардид кунад, гуфт: Амрикоиҳо дар давраи Трамп таҳрим, кори беқонунӣ, кори ғайриинсонӣ ва кори террористӣ анҷом доданд ва мардуми моро аз ҳамаи чиз маҳрум карданд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба хабосати давлати қаблии Амрико гуфт: Онҳо ҳатто ғизову доруи мардумро таҳрим карданд ва хабистарин давлат дар таърихи Амрико барои минтақа, барои кишвари мо, барои миллати Фаластин ва ҳатто барои миллати худаш давлати хабиси Трамп буд.

Рӯҳонӣ хитоб ба давлати ҷадиди Амрико гуфт: Шумо доред аъмоли террористиро идома медиҳед, пулҳои моро ҳамчунон қуфл кардаед ва намегузоред дар ихтиёрамон қарор бигирад, пеши роҳи тиҷорати моро гирифтаед, ҳатто дар хариди ваксина ҳам мо мушкил дорем ва намегузоред ваксина ба дасти мо бирасад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин дар остонаи 12 фарвардин, рӯзи Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷумҳурият, исломият ва Эрон ба унвони се появу рукни аслии низоми ҷумҳурии исломӣ ном бурд ва афзуд: Ин се дар канори якдигар Ҷумҳурии исломии Эронро месозанд.

Рӯҳонӣ афзуд: 12 фарвардин ва ҳузури мардум дар пойи сандуқҳои раъй 47 рӯз пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ ва раъй ба низоми ҷумҳурии исломӣ нишон дод, ки идораи кишвари Эрон дар ихтиёри мардум аст ва ин мардум ҳастанд, ки болотарин мақомҳои кишвар ва мудирияти кишварро бо раъйи худ бармегузинанд ва интихоб мекунанд.

 

Бештар бихонед: