Рӯҳонӣ: Навбати 5+1 аст ки ба вазифаи худ амал кунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i64518-Рӯҳонӣ_Навбати_5_1_аст_ки_ба_вазифаи_худ_амал_кунад
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Эрон ба тамоми тааҳҳудоти худ амал кардаву дунболи сулҳ аст, имрӯз навбати 5 +1 аст, ки ба вазифаи худ амал кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 01, 2021 15:05 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Навбати 5+1 аст ки ба вазифаи худ амал кунад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Эрон ба тамоми тааҳҳудоти худ амал кардаву дунболи сулҳ аст, имрӯз навбати 5 +1 аст, ки ба вазифаи худ амал кунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ойини баҳрабардорӣ аз тарҳҳои миллии Вазорати санъат афзуд: Аз лиҳози ахлоқӣ, сиёсӣ ва таърихӣ бузургтарин фахри миллати Эрон аст, ки бо вуҷуди ин ки тарафи муқобил аз тааҳҳудоти худ хориҷ шуд ва тааҳҳудоташро зери по гузошт, мо як сол сабр кардем, аз соли 1397 то урдибиҳишти 1398 сабр кардем ва аз он мавқеъ коҳиши тааҳҳудоти худро шуруъ кардем.

Рӯҳонӣ гуфт: Онҳое ки имрӯз мегӯянд, Амрико бояд аввал гуфтугӯро оғоз кунад ё Эрон бояд аввал ин корро бикунад, ба ин нукта тавваҷуҳ кунанд, ки як сол мо ба танҳоӣ бори БарҶомро бар дӯш гирифтем дар ду соли баъд ҳам бори умдаи БарҶом бар дӯши Эрон буд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Миллати бузурги Эрон ба дунё нишон дод аз лиҳози сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ ба тааҳҳудоти худ амал мекунад, дунболи сулҳ аст ва фаъолияти ҳастаии сулҳомез дорад.

Рӯҳонӣ таъкид кард: Амрико ва Аврупо бидонанд, ҳар як рӯз таъхир ба зарари онҳо аст ва ҳар рӯз зудтар дар баробари қонун, муқаррарот ва Қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милал сар фуруд биоваранд ва дар баробари азамати миллати Эрон тавозуъ кунанд, ба нафъи онҳо ва ба нафъи ҷаҳониён хоҳад буд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Имрӯз дар ин шароити бисёр хубе, ки Раҳбари муаззами инқилоб ба сароҳат эълом карданд, ки агар Амрико таҳримҳои худро бардорад, мо ба тамоми тааҳҳудоти худ бармегардем, яъне як муодилаи бурд - бурд барои минтақаву ҷаҳон, вале амрикоиҳо нафаҳмиданд ва аз ин фурсати тилоӣ натавонистанд истифода кунанд, имрӯзу фардо мекунанду гузоришҳое, ки мо дорем нишон медиҳад, ки ин давлати ҷадид ҳам хеле бо воқеияти Эрон фосила дорад.

Бештар бихонед: