Апрел 03, 2021 13:02 Asia/Dushanbe
  • Вазорати корҳои хориҷии Русия: Барҷом бидуни ҷойгузин аст
    Вазорати корҳои хориҷии Русия: Барҷом бидуни ҷойгузин аст

Хабаргузории Ал-Ҷазира ба нақл аз як манбаи огоҳ дар Вазорати хориҷаи Русия гузориш дод, ки Маскав омода аст дар нишасти ҳафтаи ояндаи Вена байни Теҳрон ва Вашингтон миёнаравӣ кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Энрике Мора, муовини дабири кулли сервиси иқдоми хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар поёни ҳаждаҳумин нишасти камиссиюни муштараки Барҷом бо судури баёнияе аз омодагии аъзоии Барҷом барои пардохтан ба мавзӯи бозгашти комили Амрико ба тавофуқи ҳастаии Эрон хабар дод. 

Дар ҳамин замина Вазорати умури хориҷаи Русия бо судури баёнияе аз ҳамаи тарафҳои Барҷом хост барои бозгашти ин тавофуқ ба ҳолати аввалия ва иҷрои комили он талош кунанд.

 Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияи худ эълом кард: Тарафи рус бар ин бовар аст, ки Барҷом бидӯни ҷойгузинаст ва аз ҳамаи тарафҳои ширкаткунанда дар барҷоам мехоҳад ҳаддиаксар талоши худро барои бозгардондани муомилаи ҳастаӣ ба чорчӯби аввалия ба кор банданд. 

Рӯзи дувуми моҳи апрел нишасти маҷозии камиссияи муштараки Барҷом бо ҳузури мудирони сиёсии вазоратҳои умури хориҷаи Эрон, Русия ва кишварҳои Аврупоии тарафи Барҷом баргузор ва роҳҳои мушаххаси эҳёии комили Барҷом баррасӣ шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп