Осбодҳои Ништифон; шоҳкори муҳандисии Эрони бостон
Апрел 03, 2021 16:03 Asia/Dushanbe
Маҷмӯъаи торихии «Осбодҳои Ништифон» дар устони Хуросони разавӣ воқеъ шудааст.
Ба гузориши хабаргузории Эронпресс осбодҳо(осёбҳои боди)и Ништифони Хоф, яке аз бузургтарин маҷмӯъаҳои хиштӣ ва гилу чубии торихии Эрон ва ҳамчунин аз маҷмӯъаҳои осбодҳои торихии ҷаҳон маҳсӯб мешавад, ки аз даврони пеш аз торихи ислом дар Эрон боқӣ мондааст .
Ин маҷмӯъаи торихӣ бо тавваҷуҳ ба сохт ва меъмории ҷаззобу ҷолибе, ки дорад ба унвони яке аз ҷозибаҳои муҳими гардишгарӣ дар устони Хуросони разавӣ ба шумор меравад .
Осбодҳои Ништифони Хоф ба сабаби вижагиҳои торихӣ ва мунҳасир ба фард дар интизори сабт дар феҳристи ҷаҳонии Юнеско қарор дорад
.