Корбарони тоҷикистонӣ дар рутбаи дуввуми боздидкунандагони хориҷӣ аз китобхонаи диҷитал(рақам)ии разавӣ
Мудири китобхонаи диҷитали Остони қудси разавӣ эълом кард корбарон дар Тоҷикистон дар радаи дувуми корбарони хориҷии боздидкунанда аз ин китобхона ҳастанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Алии Заробӣ-мудири китобхонаи диҷитали Остони қудси разавӣ вобаста ба ҳарами Имом Ризо (а ) гуфт : « Пас аз Эрон бештарини теъдоди корбарони китобхонаи диҷитали Остони қудси разавиро ба тартиб корбаронӣ аз Амрико, Тоҷикистон ва Британия ташкил медиҳанд . »
Мудири китобхонаи диҷитали Остони қудси разавӣ афзуд : « ҳамчунин корбарони кишварҳои Фаронса,Канада, Амороти арабии муттаҳида, Миср, Чину Олмон ба тартиб дар радаҳои баъдӣ бештарин боздидро аз китобхонаи диҷитали разавӣ доштаанд . »
Китобхонаи диҷитали Остони қудси разавӣ бо беш аз як даҳа фаъолият аз китобхонаҳои диҷитали номдор дар Эрон аст, ки то кунун чандин миллион манбаи иттилоотиро ба шеваҳои илмӣ, диҷитал карда ва теъдоди зиёде аз манобеи диҷиталро низ гирд оварда аст .
Манобеи иттилоотии китобхонаи диҷитали Остони қудси разавӣ аз даргоҳи интерентии digital . aqr . ir дар дастраси мустақими муҳаққиқони гушау канори дунё қарор дорад .