Апрел 05, 2021 15:05 Asia/Dushanbe
  • Узбекистон; истгоҳи нахусти сафари давраии вазири хориҷаи Эрон ба Осиёи марказӣ

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар нахустин марҳала аз сафари минтақаии худ ба Осиёи марказӣ ба Тошканд рафт ва бо ҳамтои узбекистонии худ дидор кард .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳамадҷаводи Зариф рӯзи душанбе пас аз дидор бо Абдулазиз Комилов-вазири хориҷаи Узбекистон дар Тошканд дар бора ин дидор гуфт : « Дар дидор бо вазири умӯри хориҷаи Узбекистон дар бораи равобити иқтисодӣ, сиёсӣ,фарҳангӣ ва густариши равобити Эрону Узбекистон ва ҳамин тавр дар бораи ҳамкориҳои минтақаӣ ба вижа дар робита бо сулҳи Афғонистон гуфтугӯ кардем . »

  Зариф зимни ибрози умедворӣ ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар таъкид кард : «Ҷумҳӯрии исломии Эрон метавонад барои Узбекистон роҳи тронзит ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва обҳои озод фароҳам кунад. »

   Вазири умӯри хориҷаи Эрон рӯзи душанбе барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти кишварҳои Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон ба Осиёи марказӣ сафар кард .

 

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп