Апрел 05, 2021 15:25 Asia/Dushanbe
  • Зариф сафари давраии худ ба Осиёи марказиро аз Узбекистон оғоз кард
    Зариф сафари давраии худ ба Осиёи марказиро аз Узбекистон оғоз кард

Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар сафар ба Узбекистон аз Маркази тамаддуни исломии Тошканд боздид кард .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар боздид аз Маркази тамаддуни исломии Тошканд иқдоми раиси ҷумҳӯри Узбекистонро дар сохти ин марказ сутуд .

    Вазири умӯри хориҷаи Эрон гуфт : « Вуҷуди чунин марказе боиси ошноии ҷавонон бо ториху арзишҳои асили худ аст, ки ҳам боиси такя кардани бештар ба боварҳои исломӣ хоҳад шуд ва ҳам дар масири мубориза бо ифротгароӣ ва фосила гирифтан аз бардоштҳои хушунатомез аз ислом аст . »

  Дар ибтидоии ин боздид Шоҳазим Мунавваров-раиси Маркази тамаддуни исломии Тошканд дар тавзеҳоти комиле ҳадаф аз таъсиси ин марказро ҳифзу густариши осори исломӣ ва ҳамчунин фароҳам кардани марказе барои пажӯҳишгарони исломӣ аз саросари ҷаҳон эълом кард .

    Маркази тамаддуни исломии Тошканд ҳамчунин дорои китобхонаи ғанӣ аз осори исломӣ аст .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп