Сафари Зариф ба Осиёи Марказӣ; Дидоре бо аҳдофи чандҷониба дар нигоҳи баландмуддат
(last modified Tue, 06 Apr 2021 08:15:01 GMT )
Апрел 06, 2021 13:15 Asia/Dushanbe
  • Дастрасии транзитии Осиёи Марказӣ ба обҳои кушод тавассути хатсайрҳои Эрон имконпазир аст
    Дастрасии транзитии Осиёи Марказӣ ба обҳои кушод тавассути хатсайрҳои Эрон имконпазир аст

Рушди муносибатҳои гуногунҷабҳа бо кишварҳои Осиё яке аз афзалиятҳои муносибатҳои минтақавии Эрон мебошад.

 Дар ин росто; вазири умури хориҷаи Эрон «Муҳамадҷаводи Зариф», рӯзи душанбе, дар нахустин мақсад аз сафар ба 4 кишвари Осиёи марказӣ; дар Тошканд бо вазири хориҷаи Узбекистон «Абдулазиз Комилов» дидор ва гуфтугӯ кард. 

  
 Зариф дар идомаи ин сафар аз кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ дидор мекунад.

Ин сафар бар аҳдофи иқтисодӣ; Таомулоти минтақавӣ ва тавсеаи равобити ду ва чандҷониба мутамарказ аст. 

Дар ҳоли ҳозир заминаҳои мусоиде барои густариши равобити иқтисодии байни Эрон ва кишварҳои воқеъ дар ҷуғрофиёии Осиёи марказӣ фароҳам аст, ки метавон аз ин фурсат барои тавсеаи сармоягузорӣ ва тақвияти тиҷорат истифода кард . Ботаваҷҷӯҳ ба алоқаи кишварҳои Осиёи марказӣ ба баҳрагирӣ бештар аз зарфиятҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Эрон бавижа бандари уқёнӯсӣ ва роҳбурдии чобаҳор; аҳамияти ин ҳамкориҳоро мебоист дар таъсиргузор будани он бар тақвияти равобити роҳбурдии чандҷониба арзёбӣ кард. 

 Дар ҷуғрофиёи минтақа,  дастрасии тронзитӣ ва тиҷории кишварҳои Осиёи марказӣ ва кишварҳои ҳавзаи Қафқоз ба обҳои озод дорои аҳамияти зиёдест, ки бо истифода аз роҳҳои Эрон қобил дастрасӣ аст. Дар ин замина метавон ба шаклгирии фурсатҳои чандваҷҳӣ ҳамчун ҳамкории Эрон - Қазоқистон - Туркманистон ва Чин дар қолиби пружаи муштараки эҳдоси роҳи оҳан ишора кард, ки як фурсати истисноиро дар бахши иртибототи рейлӣ эҷод кардааст. 

Он чӣ бар аҳамияти ин ҳамкориҳо меафзояд; аҳдофи баландмуддати иқтисодист, ки дар қалби Осиё мавриди тавваҷӯҳ қарор гирифтааст. 

Эрон яке аз кишварҳоест, ки бартариҳои геостратегӣ, геоэкономикӣ ва геополитикӣ дорад. Мувофиқи ин, бисёр таҳлилгарон созишномаҳои Эронро бо кишварҳои Осиё қарори мантиқӣ дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мешуморанд.

Осиёи марказӣ дар тӯли торих, ба монанди ҷодаӣ барои пайванд миёни мардум, ҷобаҷоии колоҳо байни Аврупо, ғарби Осиё, Осиёи ҷанубӣ ва Осиёи шарқӣ амал кардааст ва акнун низ Эрон ин фурсатро дорад то аз ин ҷода дар ҷиҳати шукуфоии иқтисодии худ баҳра бибарад. 
  
 Коршиноси масоили байналмилал Ҳусейни Аскариён мӯътақид аст сафари Зариф ба чаҳор кишвар Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистонро аз чанд манзар метавон мавриди тавваҷӯҳ қарор дод. Аз як манзар ин сафар метавонад дар ростои сиёсати бистарсозӣ барои ёфтани ҳавзаҳои ҳамкориҳои навбатӣ бо кишвари Чин дар минтақаи Осиёи марказӣ ба хусус бо тавваҷӯҳ ба қарордоди 25- солаи Эрону Чин, проекти як камарбанди як ҷода ва тамаркузи Чин барои иртиқои таомулоти иқтисодӣ бо ин минтақа дар назар гирифт. 

Аз ин дидгоҳ ҳамкориҳои иқтисодӣ дар авлавияти мабоҳис матраҳ дар гуфтугӯҳо дар сафар ба ин кишварҳо хоҳад буд.

Бо тавваҷӯҳ ба ин муаллафаҳо; сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба чаҳор кишвари Осиёи марказӣ ба ду далел, ҳоизи аҳамиятӣ роҳбурдист: 

Далели нахуст, тавваҷӯҳ ба зарурати истифодаи ҳушмандона аз ҳамаи фурсатҳо барои эҷоди равобити чандҷониба аст. Истифодаи мутавозин аз зарфиятҳои минтақавӣ ва интихоби ҳадафманд дар муносиботи сиёсӣ ва иқтисодӣ аз роҳкорҳоест, ки метавонад монеъ аз осебҳои ношӣ аз якҷонибагароӣ шавад. 

 Далели дувум; таъсиргузор будани тавофуқоти ин сафар бар афзоиши қудрати манёври сиёсии Эрон ҳампоии афзоиши саҳми иқтисодӣ дар равобит бо кишварҳо дар арсаи минтақавист.  Натиҷаи мантиқии ин ду ҷараён; афзоиши зарфиятҳо барои муқобила бо таҳдидҳои сиёсӣ - иқтисодӣ ваҳифзи манофеи стратегии баландмуддат дар равобити хориҷист. 
  
  
  
  Бештар бихонед :