Вазири дифои Тоҷикистон вориди Теҳрон шуд
Апрел 06, 2021 13:22 Asia/Dushanbe
Вазири дифои Тоҷикистон ба даъвати расмии вазири дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди Теҳрон шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, вазири дифои Тоҷикистон генерал Шералӣ Мирзо субҳи имрӯз дар чорчӯби як сафари расмӣ ба Эрон омадааст.
Вай дар ин сафар илова бар дидор ва гуфтугӯ бо амири сартип " Амир Ҳотамӣ" вазири дифои Эрон бо сойири мақомоти олирутбаи сиёсӣ ва низомии ин кишвар низ мулоқот хоҳад кард.
Дар ин музокирот қарор аст дар бораи мавзӯоти марбут ба ҳамкориҳои низомӣ - фаннии Эрону Тоҷикистон баҳс ва табодули назар шавад.
Бештар бихонед: