Апрел 06, 2021 16:35 Asia/Dushanbe
  • Генерал Шералӣ Мирзо субҳи рӯзи сешанбеи 6 апрел дар чорчӯби як сафари расмӣ вориди Теҳрон шуд
    Генерал Шералӣ Мирзо субҳи рӯзи сешанбеи 6 апрел дар чорчӯби як сафари расмӣ вориди Теҳрон шуд

Вазири дифои Эрон дар дидори вазири дифои Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати густариши ҳамкории ду кишвар гуфт, бо поён ёфтани таҳримҳои золимонаи таслеҳотӣ алайҳи Эрон, Теҳрон ҳеч маҳдудияте дар содироти анвои силоҳ надорад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, амири сартип Амири Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ дар ин дидор, сафари генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳро ба Ҷумҳурии исломии Эрон дар фасли зебои баҳор ва айёми ҷашни бостонии Наврӯз муборак донист ва гуфт: “Умедворем, ки ҳамчун шурӯи фасли зебои баҳор, шоҳиди шурӯи фасли наве дар равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба бо дӯстону бародарони тоҷик бошем”.

Вазири дифои Эрон бо баёни ин ки дар солҳои ахир Ҷумҳурии исломии Эрон бо вуҷуди таҳримҳои золимона ва фишорҳои сангин дар ҳавзаҳои мухталиф пешрафтҳои чашмгир ва фаровон доштааст, афзуд: “Хушбахтона дар октябри 2020 таҳримҳои таслеҳотии Ҷумҳурии исломии Эрон ба муҷиби қатъномаи Шӯрои амният ба поён расид ва мо дар амри содироти таҷҳизоти дифоӣ ҳеч мушкиле надорем”.

Вазири дифои Эрон ҳамчунин густариши ҳузури ДИИШ ва гурӯҳҳои ифротгаро дар бархе кишварҳои минтақаро мавзӯи муҳим ва ҳассосе донист ва таъкид кард: “Эрон ҳамвора мухолифати худро бо ҳузури нерӯҳои фароминтақаӣ дар ҷангҳову даргириҳои мухталиф, чӣ дар Сурияву Ироқ ва чӣ дар Афғонистон ва ё ҳар ҷойи дигар эълом кардааст”.

Вазири дифои Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар Ҷумҳурии исломии Эрон, иродаи кишвари Тоҷикистонро ба тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, низомӣ ва дифоӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Эрони исломӣ ҷиддӣ хонд.

Генерал Шералӣ Мирзо ҳамкориҳои ду кишварро дар барқарории сулҳу субот ва амнияти минтақа бисёр боаҳамият донист ва афзуд: “Муноқишаҳову ноамниҳои мавҷуд дар минтақа зарурати ҳамкориҳои ду кишварро дар муқобила бо терроризм, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин тавсеаву таҳкими амнияти минтақаӣ дучандон мекунад”.

 

Бештар бихонед:

Барчасп