Апрел 07, 2021 16:09 Asia/Dushanbe
  • Зариф бо сафари минтақавӣ ба чор кишвари Осиёи Марказӣ ташриф овард
    Зариф бо сафари минтақавӣ ба чор кишвари Осиёи Марказӣ ташриф овард

Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Қазоқистон имзо шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммадҷаводи Зариф ва Мухтор Тилеубердӣ  ҳамтои қаззоқаш рӯзи чаҳоршанбе пас аз дидор ва гуфтугӯ дар Нурсултон барномаи ҳамкории Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Қазоқистонро имзо карданд.

Ин тафоҳумнома шомили 15 банд аст, ки заминаҳои мухталифи сиёсӣ , иқтисодӣ, иҷтимоӣ, башардӯстона , муҳити зист, низомӣ, амниятӣ ва фарҳангиро шомил мешавад. 

Вазири хориҷаи Эрон сафар ба кишварҳои Осиёи марказиро рӯзи душанбе аз Узбекистон оғоз кард ва пас аз он ба Қирғизистон рафт. 

Зариф ҳамакнун дар Қазоқистон ҳузур дорад ва пас аз он низ ба Туркманистон хоҳад рафт.

 

Бештар бихонед: