Идомаи раванди афзоишии ҷонбохтагони корона дар Эрон
-
Мавҷи чаҳоруми корона чанд рӯзе аст дар Эрон оғоз шудааст
Шумори ҷонбохтагони вируси корона дар Эрон дар 24 соати гузашта дар раванде афзоишӣ ба 193 тан расид.
Ба гузориши Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар 24 соати гузашта то зуҳри имрӯз 193 нафари дигар аз мубталоён ба Ковид - 19 дар ин кишвар ҷони худро аз даст доданд, ки бар ин асос шумори қурбониёни ин беморӣ дар Эрон ба 63 ҳазору 699 нафар расид.
Ҳамчунин дар ин муддат 20 ҳазору 954 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод ду ҳазору 319 нафар бистарӣ шуданд.
Бо ин ҳисоб, маҷмӯи беморони коронаӣ дар Эрон ба як миллиону 984 ҳазору 348 нафар расидааст, ки як миллиону 675 ҳазору 891 нафар аз онон то кунун беҳбуд ёфтаанд.
Мавҷи чаҳоруми корона чанд рӯзе аст дар пайи таътилоти иди Наврӯз ва афзоиши диду боздидҳо ва сафарҳо дар Эрон оғоз шудааст.
Бештар бихонед: