Баррасии абъоди рӯйкардҳои муштараки амниятӣ ва дифоии Эрон ва Тоҷикистон
Равобити Эрон ва Тоҷикистон ҳамвора боаҳамият буда ва ин аҳамият беш аз ҳар чиз ба сабаби пайвандҳои миёни ду кишвар аст.
Бо таъкид бар истифода аз зарфиятҳои мавҷуд барои тақвияти равобити дуҷониба, вазири дифои Тоҷикистони рӯзи 6 апрел дар Теҳрон бо вазири дифои Эрон дидор ва дар бораи ҷанбаҳои мухталифи равобити дуҷониба, ба вижа тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи амният гуфтугӯ ва табодули назар кард.
Амири сартип Амир Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар дидор бо генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳ бо баёни ин ки тавсеаи ҳузури ДИИШ ва гурӯҳҳои ифрот гаро дар бархе кишварҳои минтақа мавзӯи муҳим ва ҳассосе аст, гуфт: Ҳамвора мухолифати худро бо ҳузури нерӯҳои фароминтақаӣ дар ҷангҳову даргириҳои мухталиф эълом кардаем ва тафовуте намекунад ин ҳузур дар Сурия, Ироқ, Афғонистон бошад ё дар ҷойи дигар.
Амир Ҳотамӣ изҳор дошт: Ҷумҳурии исломии Эрон бо рӯйкарди ҳаллу фасли мушкилоту масоили минтақа бо ҳузуру мушорикати худи кишварҳои минтақа, ҳазинаи зиёде барои бозгашти сулҳу субот дар минтақа мутаҳаммил шудааст, ки муҳимтарин ва албатта ҷуброннопазиртарини он шаҳодати сардор Сулаймонӣ, қаҳрамони мубориза бо терроризму ифротгароӣ будааст.
Генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар Ҷумҳурии исломии Эрон, ҳамкориҳои ду кишварро дар барқарории сулҳ, субот ва амнияти минтақа бисёр дорои аҳамият донист ва хотирнишон кард: Муноқишаҳову ноамниҳои мавҷуд дар минтақа зарурати ҳамкориҳои ду кишварро дар муқобила бо терроризм, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин тавсеаву таҳкими амнияти минтақаӣ дучандон мекунад.
Ҳусайни Асгариёнӣ, коршиноси масоили Осиёи Миёна бо ишора ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа, ҳамкориҳои амниятӣ байни ду кишварро зарурӣ медонад ва муътақид аст, ки дар сурати бурӯзи нооромӣ ва бесуботӣ дар он, кулли минтақа таҳти таъсир қарор мегирад. Вай тасреҳ мекунад: Акнун баъд аз шикасти ДИИШ дар Сурия ва Ироқ нигарониҳое аз ҳузуру фаъолияти муҷаддади нерӯҳои диишӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ҳамкории Эрон бо кишварҳои минтақа, азҷумла Тоҷикистон метавонад ба сулҳу суботи минтақа ва дарниҳоят амнияти он кумак кунад.
Нақши Эрон дар барқарории сулҳ ва поёни муноқиша дар Тоҷикистон ва ҳамчунин мушорикати фаъол дар кумак ба ҳалли муноқишаи Қарабоғ ва пешбурди музокироти сулҳ дар Афғонистон аз иқдомоте аст, ки рӯйкардҳо дар сиёсатҳои минтақаии Ҷумҳурии исломии Эронро нишон медиҳад. Аз ин дидгоҳ, таъкиди вазири дифои Эрон бар ҳамкориҳои дифоӣ ва таслеҳотӣ ва истиқболи Тоҷикистон аз ин пешниҳод фурсати ҷадиде барои ҳамкориҳои амниятӣ дар минтақа эҷод хоҳад кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи конфронси Қалби Осиё, ки ахиран дар Тоҷикистон баргузор шуд, бар ҳамин нукта таъкид кард ва бо ишора ба поёни давраи такқутбӣ ва ғарбсолорӣ дар низоми байналмилал, аҳамияти Осиё ва кишварҳои минтақа дар муодилоти амниятӣу равобити байналмилалро хотирнишон кард.
Агар аз ин манзар ба муносиботи Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нагириста шавад, метавон ба ин ҷамъ бандӣ расид, ки тақвияти ҳамгароиҳои амниятӣ ва истифода аз зарфиятҳои дарунминтақаӣ як зарурати роҳбурдӣ аст. Ба иборате дигар, бояд гуфт: Эрон ва Осиёи Марказӣ ба далели мавқеияти вижаи геополитикӣ, иқтисодӣ, тамаддунӣ ва стратегӣ ҳамвора дар маърази таҳдидҳои гуногун қарор доштаанд ва ин масъала зарурати ҳамкории стратегӣ ва амниятиро барои кишварҳои минтақа эҷод кардааст.
Сафари генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ба Теҳрон ва музокироти вай ва ҳайати ҳамроҳ бо амири сартип Амир Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эронро мебоист дар ҳамин чорчӯб арзёбӣ кард.
Бештар бихонед:
- Таъкиди вазирони дифои Эрон ва Тоҷикистон бар тавсеаи ҳамкориҳо
- Дидори Амир Ҳотамӣ ва генерал Шералӣ Мирзо + видео