Рӯзи миллии фанноварии ҳастаии дар Эрон гиромӣ бод
-
Бистуми фарвардин дар тақвими Эрон Рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ номгузорӣ шудааст
Бистуми фарвардин дар тақвими муносибатҳои Эрон пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ “Рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ” номгузорӣ шудааст.
Дар чунин рӯзе дар соли 1385 (9 апрели 2006) донишмандони эронӣ муваффақ ба такмили чархаи комили сӯхти ҳастаӣ дар миқёси озмоишгоҳӣ шуданд.
Имрӯз Эрон бо ифтихору сарбаландӣ болотарин мизони рушд дар тавлиди илмро дорад ва дар арсаҳое ҳамчун тавлиду таксири ҳуҷайраҳои бунёдӣ, фанноварии Нано ва дар тавлиди анвои радиодоруҳо бо истифода аз дониши ҳастаӣ дар шумори кишварҳои бархӯрдор аз донишҳои навини ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Дар арсаи дониши ҳастаӣ акнун бо густариши беш аз пеши тавлидоту хадамоти марбут ба бахши пизишкии ҳастаӣ бахши қобили таваҷҷуҳе аз ниёзҳои дорӯии марокизи дармонӣ ва беҳдоштии ин кишвар таъмин мешаваду фаъолиятҳо дар бахшсӯҳои мавриди ниёз бо суръат дар ҳоли анҷом аст.
Донишмандони ҳастаии Эрон дар солҳои ахир муваффақ шудаанд анвои маҳсулоти пурмасрафро, ки мавриди ниёзи марокизи илмиву таҳқиқотии кишвар аст, тавлид кунанд.
Тавсеаи рӯзафзуни дастовардҳои ин санъати роҳбурдӣ акнун бо тамоми тавон дар ҳавзаҳои мухталиф дар дастури кори талошгарони арсаи дониши ҳастаӣ қарор дорад.
Бештар бихонед:
- Эрон бузургтарин тавлидкунандаи маводи аввалияи дору дар Ғарби Осиё мешавад
- Мақомоти кишварҳои ҷаҳон террори донишманди ҳастаии Эронро маҳкум карданд