Вокуниши Зариф ба ҳодиса дар таъсисоти ҳастаии Эрон
Вазири умӯри хориҷаи Эрон гуфт : Саҳюнистҳо мехоҳанд интиқоми муваффақияти Эрон дар масири лағви таҳримҳои золимонаро бигиранд, вале Ҷумҳӯрии исломӣ иҷозаи чунин кореро ба онҳо нахоҳад дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи душанбе дар нишасти комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо ишора ба ҳодисаи рӯзи якшанбе дар таъсисоти ҳастаӣ дар минтақаи Натанз, дар маркази Эрон гуфт : « Мақомоти сиёсӣ ва низомии режими саҳюнистӣ ошкоро гуфта буданд, ки иҷозаи пешрафт дар рафъи таҳримҳои Эронро нахоҳанд дод ва акнун тасаввур мекунанд ба ҳадафи худ мерасанд, аммо онҳо посухи худро бо пешрафтҳои бештари ҳастаии Эрон хоҳанд гирифт .»
Саиди Хатибзода-сухангӯии Вазорати хориҷаи Эрон низ дар бораи ҳодиса дар Натанз гуфт : « Манбаъҳои мухталиф таъйид мекунанд иттифоқи ногуворе, ки дар Натанз рух дод, пушти он режими саҳюнистӣ қарор дорад. Хушҳолам ин ҳодиса осеби инсонӣ ё муҳити зистӣ надошта, вале метавонист фоҷеъаи инсонӣ рух диҳад, ки ҷиноят алайҳи башарият аст ва аз зоти гарданкаши исроилӣ ҳам дур нест .»
Беҳрузи Камолвандӣ-сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон эълом кард бомдоди рӯзи якшанбе ҳодисае дар бахше аз шабакаи тақсими барқи маҷмӯъаи ғанисозии таъсисоти Натанз рух додааст .
Ба гуфтаи Камолвандӣ иллати ҳодиса дар дасти баррасӣ аст, аммо манобеи мухталиф аз эҳтимоли даст доштани режими саҳюнистӣ дар ин ҳодиса хабар медиҳанд .
Бештар бихонед :
-
Рӯнамоӣ аз насли ҷадиди cентрифугҳо дар муҷтамаи ғанисозии Натанз
-
Рӯнамоӣ аз насли ҷадиди cентрифугҳо дар муҷтамаи ғанисозии Натанз