Рӯзи артиш, паради мошинии артиши ҷумҳурии исломии Эрон
29 фарвардин дар тақвими Эрон рӯзи артиши ҷумҳурии исломист ва ба ҳамин муносибат паради нерӯҳои артиши ин кишвар аз субҳи имрӯз ба сурати мошинӣ оғоз шудааст.
Бо таваҷҷуҳ ба густариши вируси корона маросими паради 29 фарвардини имсол дар Эрон бо шиори “мудофеони ватан, ёварони саломат” ба сурати мошинӣ баргузор мешавад.
Пас аз пирӯзии инқилоб дар шароите, ки душманон бо тазъифи артиш ва эҷоди тафриқа ба дунболи тазъифи амнияту ошуфтагӣ дар кишвар буданд, имом Хумайнӣ (р) дар паёме, зарурати ҳифзи артишро эълом ва барои инсиҷом, якпорчагӣ ва ваҳдати артиш, фармони торихӣ ва муҳиммеро содир ва рӯзи 29 фарвардинро рӯзи артиш номгузорӣ карданд.
Артиши ҷумҳурии исломии Эрон пайкараи аслии нерӯҳои мусаллаҳи Эронро ташкил медиҳад ва аз 4 нерӯи заминӣ, дарёӣ, ҳавоӣ ва нерӯи падофанди ҳавоӣ ташкил шудааст, ки ба ҳамроҳи сипоҳи посдорон ва нерӯи интизомӣ (полис), маҷмуаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳастанд.
Дар рӯзи артиш ҳарсола гурдонҳои артиши ҷумҳурии исломии Эрон дар саросари ин кишвар маросими парад баргузор мекунанд.
Бештар бихонед:
-
Паёми раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба муносибати Рӯзи артиш дар Эрон
-
Дидори Амири Ҳотамӣ ва генерал Шералӣ Мирзо + видео