Сентябр 22, 2022 12:08 Asia/Dushanbe
  • Оғози режаи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати гиромидошти 42-умин солгарди дифои муқаддас

Режаи нерӯҳои мусаллаҳ ба муносибати гиромидошти 42-умин солгарди дифои муқаддас, дар Теҳрон ва соири марокизи устонҳои Эрон оғоз шуд.

Ба гузориши равобит умумии артиш, ойини режаи 31 шаҳривари неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба муносибати гиромидошти 42-умин солгарди дифои муқаддас дар Теҳрон дар ҷавори боргоҳи малакӯтии ҳазрати имоми Хумайнӣ (раҳ) дар соири марокизи устонҳои кишвар бо ҳузури фармондиҳо ва масъӯлони олирутбаи кишварӣ ва лашкарӣ оғоз шуд.

Ин ойин дар Бандар Аббос бо ҳузури Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон оғоз шуд ва ягонҳои шиновари сатҳӣ ва зерсатҳии артиш, сипоҳ, Фароҷо ва шиноварҳои мардумӣ басӯрати ҳамзамон режа мераванд.Ин режаи пурсалобат, ҳамасола дар рӯзи 31 шаҳривар, ҳамзамон бо нахустин рӯзи Ҳафтаи дифои муқаддас бо ширкати ягонҳои размии артиш, сипоҳ ва Фароҷо баргузор мешавад.

Дар ин ойин, дастовардҳои ҷадид ва тавонмандии дифои нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба намоиш дармеояд.

Барчасп