Ҷойнишини фармондеҳи Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорон таъин шуд
(last modified Tue, 20 Apr 2021 06:09:50 GMT )
Апрел 20, 2021 11:09 Asia/Dushanbe
  • Сардор Муҳаммадризо Фаллоҳзода ҷойгузини шаҳид Сардор Ҳиҷозӣ шуд
    Сардор Муҳаммадризо Фаллоҳзода ҷойгузини шаҳид Сардор Ҳиҷозӣ шуд

Дар пайи шаҳодати сардор "Саидмуҳаммад Ҳиҷозӣ", ба пешниҳоди фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва мувофиқат ва тасвиби фармондеҳи муаззами кулли қувваҳои Эрон ҷонишини фармондеҳи Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорон таъин шуд

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар пайи шаҳодати сардор "Саидмуҳаммади Ҳиҷозӣ " ба пешниҳоди "сардори сарлашкари посдор  Ҳусейни Саломӣ " фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва бо мувофиқат ва тасвиби фармондеҳи муъаззами кулли қувваҳои Эрон  сардори сартипи посдор  Муҳаммадризои Фалоҳзода ба вазифаи ҷонишини фармондеҳи Нерӯи  Қудси сипоҳ мансуб шуд. 
  
Сардор Муҳаммадризо Фалоҳзода пеш аз ин ӯҳдадори муовинати ҳамоҳангкунандаи Нерӯи  Қудси Сипоҳ будааст ва чандин  мақоми фармондиҳии дигари низомиро низ дар корнома худ дорад.

 

Бештар бихонед: