Сафири Эрон дар Душанбе: Таҷлили Саъдӣ фақат таҷлили шеъру наср нест
Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме зимни табрики рӯзи бузургдошти Саъдӣ таъкид кард, таҷлили Саъдӣ фақат таҷлили шеър ва наср нест, балки таҷлили ахлоқ, ҳикмат ва маърифат низ ҳаст.
Ба гузориши ИСНА, дар паёми Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати аввали урдбиҳиштмоҳ (21 апрел) рӯзи бузургдошти шайх Саъдӣ дар тақвими Эрон, омадааст: “Саъдиё хуштар аз ҳадиси ту нест/ тӯҳфаи рӯзгори аҳли шинохт.
Офарин бар забони ширинат/ к-ин ҳама шӯр дар ҷаҳон андохт”
Рӯзи аввали урдубиҳишт дар тақвими расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи бузургдошти Саъдӣ, номгузорӣ шудааст ва ин нишон аз талоши Эрон дар таҷлил аз машоҳири фарҳангӣ ва нақши ин шоири номдор дар фарҳангу тамаддуни Эрон замин аст.
Сафири Эрон дар Душанбе дар паёми худ зимни табрики самимонаи « ёдрӯзи Саъдӣ» ба ҳамаи алоқамандони ин шоири бузург "бавижаи ҳамватанони эронӣ ва мардуми ҳамфарҳанг ва ҳамзабони тоҷик ва ҳамаи дӯстдорони забони порсӣ" меафзояд: «таҷлили Саъдӣ фақат таҷлили шеър ва наср нест, балки таҷлили ахлоқ, ҳикмат ва маърифат аст. Осори Ҳакими баландовозаи Шероз саршор аз инсоният,ҳамдилӣ, дӯстӣ, ишқу эҳтиром ба фазилатҳост ва шарофати одамиро дар гарави эҳсон, некӯкорӣ ва ёрии мардум медонад.»
Муҳаммадтақии Собирӣ дар идома навиштааст: «Саъдии Шерозӣ солҳои зиёдеро дар сафар ба шаҳрҳо ва кишварҳои ҷаҳон сипарӣ кард ва ҳосили таҷрибиёти худро бо нигориши назму насри фохири порсӣ барои ҳамеша дар таърихи фарҳангу адаби ҷаҳон мондагор кард. Гуфтаҳои ӯ ҳамеша тозагӣ дорад ва содагии баён аз вижагиҳои осори Саъдӣ аст.»
Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар поёни паёми худ таъкид мекунад, “бидуни шак, паёмҳои инсондӯстона ва ахлоқмеҳвари Саъдӣ, метавонад дар ҷаҳони оканда ва хаста аз хушунату ифротгароии имрӯз, бештар мавриди тавваҷуҳи ҳамаи мардуми ҷаҳон қарор гирад”.
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офаринаш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рузгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Бештар бихонед:
- Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Ашъори Саъдӣ оинадори сулҳ, ишқ ва дӯстӣ аст
- Нигоҳе ба вижагиҳои ғазалҳои Саъдӣ (гузориши вижа)
- “Гулистони Саъдӣ” китоби соли Тоҷикистон шуд