Охирин омори корона дар Эрон то 20 апрел
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, бо фавти 395 нафари дигар аз мубталоён ба Ковид 19 дар шабонарӯзи гузашта, теъдоди ҷон бохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 67 ҳазору 525 нафар расид.
Ба гузориши Маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, аз зуҳри душанбе то зуҳри сешанбе 31 фарвардин (20 апрел) бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 25 ҳазору 492 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 3 ҳазору 365 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.
Бар асоси ин гузориш, маҷмӯи беморони Ковид 19 дар Эрон ба ду миллиону 286 ҳазору 927 нафар расидааст.
Вазорати беҳдошти Эрон дар ин иттилоия афзӯдааст: « токунӯн як миллиону 810 ҳазору 531 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.»
Бемории Ковид 19 бар асоси омори расмии кишварҳо вируси корона токунӯн беш аз 142 миллионнафарро дар дунё олуда карда ва беш аз 3 миллионнафар низ бар асари бемории Ковид 19 ҷони худро аз даст додаанд.
Бештар бихонед: