Саъдиё! Гардани ҷонҳо ба каманди ту бувад
(last modified Wed, 21 Apr 2021 04:49:52 GMT )
Апрел 21, 2021 09:49 Asia/Dushanbe

"Аввали урдубиҳиштмоҳи ҷалолӣ" баробар бо 21 апрел дар тақвими Эрон Рӯзи бузургдошти Саъдӣ ном гирифтааст.

 Абӯмуҳаммад Мушаррафиддини Муслиҳ бини Абдулло  бини Мушарраф (606 – 690 ҳиҷрии қамарӣ ) бо тахаллуси Саъдӣ, шоир ва нависандаи порсигӯй эронӣ аст. 

Аҳли адаб ба ӯ «устоди сухан», « подшоҳи сухан »,  « шайхи аҷалл » ва ҳатто ба таври мутлақ  «устод» лақаб додаанд. 

Саъдӣ дар Низомияи Бағдод, ки муҳимтарин маркази илму дониши ҷаҳони ислом дар он замон ба ҳисоб меомад, таҳсил кард ва пас аз он ба унвони хатиб ба манотиқи мухталифе, аз ҷумла  Шом ва Ҳиҷоз сафар кард. 

Саъдӣ сипас ба зодгоҳи худ Шероз  баргашт ва то поёни умр дар он ҷо иқомат гузид. 

Оромгоҳи вай дар Шероз ба Саъдия маъруф аст. 
  
Саъдӣ таъсири инкорнопазирӣ бар забони форсӣ гузоштааст ба тавре, ки шабоҳати қобили таваҷӯҳе байни форсии имрӯза ва забони Саъдӣ вуҷуд дорад. 

Осори вай дар китоби Куллиёти Саъдӣ, шомили Гулистон ба наср, китоби Бӯстон дар қолаби маснавӣ ва низ ғазалиёт, гирдоварӣ шудааст. 

Илова бар ин ӯ осоре дар сойири қолабҳои адабии назири қасида, қитъа, тарҷеъбанд ва такбайт ба забони форсӣ ва арабӣ низ дорад.

 

Бештар бихонед: