Рушди 29 дарсадии транзити Роҳи оҳани Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i65800
Мудиромили Ширкати роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон аз афзоиши 29 дарсадии транзити роҳи оҳани Эрон дар як соли гузашта (1399 шамсӣ) хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 23, 2021 18:24 Asia/Dushanbe
  • Рушди 29 дарсадии транзити Роҳи оҳани Эрон
    Рушди 29 дарсадии транзити Роҳи оҳани Эрон

Мудиромили Ширкати роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон аз афзоиши 29 дарсадии транзити роҳи оҳани Эрон дар як соли гузашта (1399 шамсӣ) хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  мудиромили ширкати роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон "Саид Расулӣ) дар сиюшашумин конфаронси мудирони омили Созмони ҳамкории роҳи оҳан  ( OSJD ) гуфт: Ҳамлу нақли тронзити роҳи оҳани Эрон дар соли гузашта  нисбат ба соли қабл 29 дарсад  рушд ва содироти роҳи оҳани Эрон низ дар ин муддат  5 дарсад афзоиш доштааст. 

  
Мудири кулли Ширкати роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: "Дар ҳоли ҳозир, Роҳи оҳани Эрон дар пайи гирифтани иҷозатнома барои вагонҳои боркаши Эрон дар ҳавзаи  кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) аст."

Расулӣ  инчунин омодагии Роҳи оҳани Эронро барои иштироки ҷиддитар дар Комиссияи ҳамлу нақли OSJD, Академияи OSJF ва ҳамчун узви Гурӯҳи кории доимии рамзгузорӣ ва информатика OSJD хабар дод.

 

Бештар бихонед: