Чин: Амрико бо лағви якбораи таҳримҳои Эрон гоми нахустро бардорад
(last modified Sun, 25 Apr 2021 05:08:04 GMT )
Апрел 25, 2021 10:08 Asia/Dushanbe
  • Музокироти эҳёи БАРҶОМ дар бахши гуфтугуҳо тақрибан ба натиҷа расидааст
    Музокироти эҳёи БАРҶОМ дар бахши гуфтугуҳо тақрибан ба натиҷа расидааст

Раиси ҳайъати Чин дар музокироти БАРҶОМ гуфт: Амрико ба унвони тарафи нақзкунандаи тавофуқи ҳастаӣ бояд ибтидо ҳамаи таҳримҳо алайҳи Эронро бардорад, то ҷумҳурии исломӣ ба иҷроии комили тааҳҳудоташ бозгардад.

Ван Куан, сафир ва намояндаи доими Чин назди созмонҳои байналмилалӣ мустақар дар Вена, ки раёсати ҳайъати Чин дар музокироти БАРҶОМ-ро бар уҳда дорад, дар мусоҳибае бо Ирно таъкид кард: Амрико бояд билофосила ҳамаи таҳримҳо алайҳи Эрон ва тарафҳои дигарро ба таври комилу фаврӣ лағв кунад.

Куан афзуд: Музокирот дар бахши гуфтугуҳо тақрибан ба натиҷа расидааст, аммо ҳамаи инҳо бояд ба матну навишта табдил шавад, ки раванде печида аст.

Раиси ҳайъати Чин дар музокироти БАРҶОМ ёдовар шуд: Дар ин миён муҳимтарин нукта он аст, ки Амрико мутаваҷҷеҳ шавад, бо зери по гузоштани тааҳҳудоташ коре нодуруст анҷом дода ва ҳамин кор омили аслии мушкилот ва расидан ба ин марҳала аст.

Бештар бихонед: