Апрел 27, 2021 14:48 Asia/Dushanbe

Сездаҳумин рӯзи моҳи мубораки Рамазон дар Хаймаи байналмилалии Рамазон дар Маскав ба Эрон ихтисос ёфт ва ба ҳамин муносибати маросими вижае бо унвони «Эрон ва каромати инсонӣ» баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Хаймаи байниалмилалии Рамазон дар Маскав, ки шонздаҳумин сол аз умри худро мегузаронад, аз нахустин рӯзи ин моҳи муборак бо риояти дастӯруламалҳои беҳдоштӣ дар муҳавватаи масҷид дар парки “Пирӯзи”-и Маскав барпо шудааст.

Барномаи сездаҳумин рӯзи моҳи мубораки Рамазон, ки “Рӯзи Эрон” буд ва бо ҳузури пуршукӯҳи мусулмонони Маскав мувоҷеҳ шуд, филме аз марокизи фарҳангӣ ва диданиҳои Эрон, аз ҷумла манотиқе дар Халиҷи Форс ва шаҳрҳои Машҳад, Теҳрону Исфаҳон ба намоиш даромад ва дар мавриди ҳар як аз амокини диданӣ тавзеҳоти муносибе ба забони русӣ дода шуд.

Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия дар ин маросим гуфт, мардуми Эрон барои дифо аз каромати инсонӣ бисёр талош мекунанд ва қудратҳое, ки дар пайи тасаллут бар миллатҳои дигар ҳастанд, каромати инсонҳоро зери савол мебаранд ва иллати ин ки дар 42 сол пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ, Эрон ин ҳама мавриди таҳрим ва душманӣ буда, талоши миллати Эрон барои ҳифзи каромати исломии онҳо будааст.

Дамир Муҳиддинов, муовини Шӯрои муфтиҳои Русия низ дар ин маросим гуфт, ки Эрон дорои обу ҳавои мутанаввеъ ва аз зеботарин кишварҳои дорои тамаддуни бостонӣ ва фарҳанги ғанӣ аст, ки фарҳанги исломӣ ба он ғанои бештаре бахшидааст.

Муҳиддинов афзуд, дар давраи Императории Русия, давраи Шуравӣ ва дар даврони Русияи муосир, мусулмонони Русия равобити хубе бо Эрон дошта ва доранд ва ин равобит ҳамвора рушд карда ва ҳамвора забони форсӣ ҳамзамон бо забонҳои туркӣ ва арабӣ дар мадориси исломӣ ва масоҷиди Русия тадрис мешудааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп