Вуруди мусофир аз марзҳои шарқии Эрон мамнуъ шуд
Сухангуи гумруки Эрон, аз мамнуияти вуруди мусофир аз марзҳои шарқии Эрон хабар дод.
Саид Рӯҳуллоҳи Латифӣ, Сухангуи гумруки Эрон гуфт: Вуруди мусофирони покистонӣ ва афғонистонӣ ва атбои дигар кишварҳо аз марзҳои шарқӣ ба Эрон комилан мутаваққиф шудааст.
Вай афзуд: Вуруди атбои покистонӣ аз марзҳои Мирҷова ва Римдон дар устони Систону Балучистони Эрон ва вуруди мусофири афғонистонӣ аз марзҳои Милки устони Систону Балучистон, Моҳируд дар устони Хуросони Ҷанӯбӣ ва Дуғорун дар устони Хуросони Разавӣ ба кишвар мамнуъ шуда ва мусофирон фақат метавонанд ба кишвари худ бозгарданд.
Бо густариши корона, дар марзҳои ғарбӣ ва ҷанубии Эрон низ маҳдудиятҳое барои тараддуди атбои кишварҳои ҳамсояи Эрон аз ҷумла Ироқ иҷро шудааст.
Бештар бихонед: