Бузургдошти Низомии Ганҷавӣ шоири эронӣ дар Русия
(last modified Sun, 02 May 2021 06:10:58 GMT )
Май 02, 2021 11:10 Asia/Dushanbe
  • Ин намоишгоҳ то душанбе сеюми моҳи май барпост
    Ин намоишгоҳ то душанбе сеюми моҳи май барпост

Намоишгоҳи осори Низомии Ганҷавӣ ба муносибати 880-умин солгарди таваллуди ин шоири Эронӣ дар музеи милали шарқи Маскав ва бо ҳадафи муаррифии Низомӣ ва осори ӯ ба мардуми Русия барпо шудааст.

Ба нақл аз Ирно, Вазорати фарҳанги Русия дар Намоишгоҳи осори Низомии Ганҷавӣ дар музеи милали шарқи Маскав 57 асари ҳунарӣ шомили навиштаҳои хаттӣ, тасовири миниётурӣ аз китобҳои ин шоири эронӣ ва чандини фарши бузургу кӯчаки зинатёфта ба тасовири китобҳои Низомӣ дар 4 толор арза кардааст.

Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин осори Низомии Ганҷавӣ тасвирнавиштаҳои бузурге аз ашъори вай ба забони форсӣ арза шудааст.

Фаршҳои зинатёфта ба тасовири китобҳои Низомӣ

Ин намоишгоҳ то душанбе сеюми моҳи май барпост.

Абумуҳаммад Илёс ибни Юсуф мутахаллис ба Низомии Ганҷавӣ, шоиру достонсарои эронӣ ва порсигуй дар садаи шашуми ҳиҷрӣ (давоздаҳуми мелодӣ) аст, ки ба унвони пешвои достонсароӣ дар адаби порсӣ шинохта шудааст.

Шеъри Низомӣ ба забонҳои гуногун тарҷума шудааст. Хамса ё Панҷ Ганҷи ин шоири эронӣ ба ҳиммати Рустам Алиев, ба забони русӣ тарҷума ва мунташир шудааст.

Бештар бихонед: