Октябр 24, 2016 21:09 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, қудратҳои бузург бо масаълаи мубориза бо тероризм як намоиши сиёсӣ ба роҳ андохтаанд ва дилашон намехоҳад муъзали тероризм поён ёбад.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи душанбе дар шаҳри Арок, дар ташреҳи мавзеи Эрон дар қиболи таҳаввулоти минтақаӣ гуфт, минтақаи Ховари Миёна солҳо аст, ки бо муъзали тероризм мувоҷеҳ шуда ва қудратҳои ғарбӣ намехоҳанд тероризм дар ин минтақа поён пазирад дар ҳоле, ки ин муъзал ва осори он, домангири худи онҳо низ шудааст.

Рӯҳонӣ таъкид кард, бархе қудратҳои бузург бар асоси аҳдофи номашруе, ки доранд, гурӯҳҳои террористиро ба хидмат мегиранд ва бо вуҷӯди абзор ва таҷҳизоте, ки ба минтақа гусел доштаанд, ҳеч иқдоми мусбате алайҳи террористҳо анҷом намедиҳанд.

Вай бо баёни ин ки мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи мавзӯи тероризм дар минтақа бисёр равшан аст, афзуд, мо мудохилаи кишварҳои хориҷиро бидуни ҳамоҳангӣ бо кишвари мизбон, бисёр хатарнок медонем ва муътақидем, ки давлатҳои Ироқ ва Сурия бояд кумак бихоҳанд df дархост кунанд, то кишвари дигаре дар хоки онҳо алайҳи тероризм иқдом кунад ва ин бар асоси усӯли байналмилалӣ аст ва хилофи он ноамниро ташдид мекунад.

 Рӯҳонӣ таъкид кард, марзҳои ҷуғрофиёӣ бояд муҳтарам шумурда шаванд, чаро ки тағйири марзҳо бисёр хатарнок аст.

 

Барчасп