Октябр 25, 2016 12:40 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои илми ва фанноварӣ миёни Эрон ва Чин

Эрон ва Чин бо имзои ёддошти тафоҳум дар заминаи таъсиси сандуқи муштараки ҳимоят аз тавсеаи илму фанноварии "Роҳи абрешим" ҳамкории худро дар заминаҳои мухталифи фанноварӣ густариш медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин ёддошти тафоҳум душанбешаб дар Пекин байни Сурено Сатторӣ, муовин илмӣ ва фановарии раёсати ҷумҳурии Эрон ва Бой Чун Ли, раиси Академияи улуми Чин имзо шуд.

Ду тараф бо имзои ин ёддошти тафоҳум тавофуқ карданд сатҳи ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталифи сандуқи муштараки ҳимоят аз тавсеаи фанноварии "Роҳи абрешим" густариш диҳанд.

Ҳамчунин Эрон ва Чин дар бораи энержиҳои таҷдидпазир, фанноварӣ, барномаҳои илмии муртабит бо манобеи об, ҳушмандсозии маснуӣ ва низ дар заминаи улум ва маводи пешрафта ҳамкории бештаре хоҳанд дошт.

Муовини илмӣ ва фановарии раёсати ҷумҳурии Эрон, ки рӯзи душанбе ва ба даъвати расмии Бой Чун Ли, раиси Академияи улуми Чин вориди шаҳри Пекин шуд, қарор аст дар сафари серӯзаи худ ба Чин, илова бар мулоқот бо мақомоти илмии ин кишвар, аз марокизи илмӣ ва фановарии Пекин ва устони Шонши, дар маркази Чин боздид кунад.