Октябр 25, 2016 12:52 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии тими футболи ҷавонони Эрон ба Ҷоми ҷаҳонӣ- 2017

Тими футболи ҷавонони Эрон бо пирӯзии муқтадирона баробари Узбакистон, дар охирин бозии марҳилаи якчаҳоруми ниҳоии қаҳрамонии Осиё, роҳии Ҷоми ҷаҳонии 2017-и Кореяи ҷанубӣ шуд.

Тимҳои футболи ҷавонони Эрон ва Узбакистон душанбешаб дар охирин дидори марҳилаи якчаҳоруми ниҳоии қаҳрамонии Осиё ва интихоби Ҷоми ҷаҳонии ҷавонон- 2017-и Кореяи ҷанубӣ, дар Маномаи Баҳрайн ба рақобат пардохтанд, ки тими ҷавонони Эрон ҳарифи худро 2 бар 0 шикаст дод.

Тими ҷавонони Эрон бо пирӯзӣ дар муқобили тими Узбакистон ба унвони чаҳорумин тими осиёӣ, роҳии Ҷоми ҷаҳонии 2017-и Кореяи ҷанубӣ шуд.

 Дирӯз ҳамчунин Ҷопон бо пирӯзи баробари Тоҷикистон, ба Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфт.

Эрон, Ветнам, Ҷопон ва Арабистон чаҳор тими роҳёфтаи осиёӣ ба Ҷоми ҷаҳонии 2017-и Кореяи ҷанубӣ ҳастанд.