Имкони мутолиаи онлайни манобеи китобхонаи миллии Эрон фароҳам шуд
(last modified Wed, 12 May 2021 09:01:57 GMT )
Май 12, 2021 14:01 Asia/Dushanbe
  • Китобхонаи миллии Эрон соли 1937 таъсис ёфтааст
    Китобхонаи миллии Эрон соли 1937 таъсис ёфтааст

Китобхонаи миллии Эрон бахшҳои арзишманде аз манобеи худро ба таври бархат дар ихтиёри пажӯҳишгарон ва дигар дӯстдорони донишу огоҳӣ қарор додааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, китобхонаи миллии Эрон ба муносибати гиромидошти таъсиси архиви миллии Эрон дар 17 урдубиҳишти 1349 хуршедӣ ( 7 май 1970 ) ва низ ба муносибати 19 урдубиҳишт ( 9 май ) Рӯзи асноди миллӣ ва мероси мактуб " дар тақвими Эрон, бахши бузурге аз муҳтавои  диҷитали худро ба сурати бархат дар ихтиёри пажӯҳишгарон гузоштааст. 

Китобхонаи миллии Эрон эълом кард: «Бо тавваҷӯҳ ба шароити корона ва рӯйкарди аслии Созмони аснод ва китобхонаи миллӣ бо унвони «Ҳофизаи миллӣ дар хонаи ҳар Эронӣ » ва бо ҳадафи « тавзеъи одилона» ва «дастрасии озод » ба иттилоот, сомонаи нашриёти илмии Эрон  шомили феҳрист ва муҳтавои  диҷитали нашриёт ва маҳаллоти илмии Эронӣ аз оғоз то кунун ва низ маҷмӯъае аз китобҳои кӯдакону навҷавонон дар ихтиёри корбарон ва пажӯҳишгарон  қарор гирифтааст.»

Пажӯҳишгарон ва дигар алоқамандон метавонанд бо муроҷиа ба нишониҳои зер, китобҳо, нашрияҳо, нусхаҳои хаттӣ, манобеи торихӣ ва китобҳои кӯдаконро ба сурати онлайн мутолиа кунанд.

 

   https://sana.nlai.ir

Созмони нашриёти Эрон (шомили феҳрист ва мӯҳтавои диҷитоли нашриёт, рӯзномаҳо ва маҷаллот)

 

 https://icnl.nlai.ir

Китобхонаи миллии кӯдакон ва навҷавонон (шомили 23 ҳазору 381 китоби тамоми матн ва 57 китоби савтӣ барои 7-14 сола)

 

 https://dl.nlai.ir

Сомонаи манобеи диҷитоли китобхонаи миллӣ (нусхаҳои хаттӣ, маҷмӯаҳои нафис ва...)

 

 https://opac.nlai.ir

Сомонаи ҷустуҷӯи манобеи китобхонаи миллӣ ва сойири хадамоти пайваста

 

  https://www.nlai.ir/v-exhibitions

Намоишгоҳҳои маҷозӣ

 

 https://iranjournals.nlai.ir

Сомонаи нашриёти илмии Эрон

 

Бештар бихонед: