Май 13, 2021 16:46 Asia/Dushanbe
  • Саҳюнистҳо ҷуз забони зӯр чизе намефаҳманд
    Саҳюнистҳо ҷуз забони зӯр чизе намефаҳманд

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ асри рӯзи сешанбе дар дидори тасвирӣ бо намояндагони ташаккулҳои донишҷӯӣ аз ду ҳодисаи бисёр талху хунини ахир дар ҷаҳони ислом, яъне дар Афғонистон ва Фаластин ибрози таъассуфи амиқ ваин ҷиноятҳоро ба шиддат маҳкум карданд.

Раҳбари муъаззами инқилоб бо ишора ба ҷиноёти ваҳшиёна ва золимонаи саҳюнистҳо дар Масҷидулақсо,Қудси шариф ва дигар манотиқи Фаластин бо таҷлил аз аз бедорӣ,ӣстодагӣ ва азму ҷазми миллати Фаластин афзуданд : Саҳюнистҳо ҷуз забони зӯр чизе намефаҳманд, аз ин рӯ фаластиниҳо бояд бо афзоиши қудрату муқовимати худ ҷинояткоронро ба таслим шудан ва таваққуфи иқдомоти ваҳшигарона маҷбур кунанд .

Шаҳри Қудсу Масҷидуалақсо аз беш аз ду ҳафта пеш то кунун шоҳиди ҳамалоти саҳюнистҳо ва низомиёни ҷинояткори режими саҳюнистӣ ба намозгузорон дар Масҷидулақсо ва шаҳрвандони фаластинӣ аст .

Авзоъи Қудсу Каронаи бохтарӣ ва навори Ғазза дар паи исрори ишғолгарони саҳюнист бар идомаи беҳурматӣ ба Масҷидулақсо сабаб шуд муқовимати Фаластин бо мушакборони шаҳракҳои саҳюнистнишини атрофи Ғазза ба ин ҷиноёт посух диҳад .

  Дар идомаи посухи муқовимат ба ҷиноёти саҳюнистҳо Ҷиҳоди исломии Фаластин, Тел-Авив ва дигар шаҳрҳои режими саҳюнистиро низ ҳадаф қарор дод

Ҷиноёти исроилиҳо алайҳи миллати мазлӯми Фаластин ва такрори ҳодисаҳои террористӣ дар Афғонистон зоҳиран нуқтаи таваққуфе надорад, аммо иллати ин ҷиноётро дар куҷо бояд ҷустуҷӯ кард . Воқеъият ин аст, ки сарчашмаи бисёре аз мушкилоти ҷаҳони ислом аз тероризм то куштори бераҳмонаи занону кӯдакон дар Афғонистон, Фаластин ва Яман овора шудани миллионҳо зану кӯдак, натиҷаи сиёсатҳои зиёдахоҳона, ишғолгарӣ ва ҳимояти қудратҳои зӯргӯ аз золимон ва ҷинояткорон аст .

   Аз ин дидгоҳ суханони Раҳбари муъаззами инқилоб бар ду ҷанбаи муҳим таъкид дорад :

Ҷанбаи нахуст; Таъкид бар паҳлуҳо инсонии масъалаи Фаластин аст . Миллати Фаластин қурбонӣ беадолатӣ ва як зулми ошкори торихӣ шудааст ва барағми гузашти беш аз 7 даҳа аз ин ишғолгарӣ ҷаҳон ҳамчунон наззорагари ҷиноятҳои Исроил аст .

  Раҳбари муъаззами инқилоб бо ишора ба ин воқеъияти талх гуфтанд: Ин ҷиноёт дар  пеши чашми ҷаҳониён қарор дорад ва ҳама бояд бо маҳкум кардани он ба вазоифи худ амал кунанд .

   Ҷанбаи дувуми дорои аҳамият дар суханони Раҳбари муъаззами инқилоб таъкид бар зарурати идомаи ҷараёни муқовимат ба унвони танҳо роҳи таъмини ҳуқуқи миллати Фаластин аст .

  Ҳазрати оятуллоҳ Хоминаӣ дар баёни ин нуктаи роҳбурдӣ  пеш аз ин низ роҳи раҳоии миллати мазлӯми Фаластинро дар « истодагӣ ва муқовимати шуҷоъона » дониста ва таъкид кардаанд : " Миллат, унсурҳо ва созмонҳои фаластинӣ бояд бо « ҷиҳоди фидокорона » арсаро бар Амрико ва душмани саҳюнистӣ танг ва ҳамаи дунёии ислом низ аз ин муқовимати шуҷоъона ҳимоят ва пуштибонӣ кунанд . "

Миллати Фаластин барои дифо аз сарзамини худ дар муқобили ишғолгар ва мутаҷовиз акнун қотеътару қавитар истодааст . Чуноне кӣ Исмоил Ҳания-раиси дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос таъкид кардааст, ки ин ҷумбиш мусаммам аст ба муқобила бо ишғолгарон то таваққуфи тамоми саҳнаҳои таҷовузгарӣ ва тероризм дар Қудсу Масҷидулақсо идома диҳад .

Маҷиди Сафотоҷ-коршиноси масоили сиёсӣ бо ишора ба аҳдофи режими саҳюнистӣ аз исрор бар идомаи ҷиноёт алайҳ фаластиниён мегуяд : " Таҷрибаи беш аз ҳафт даҳа зулми торихӣ нишон медиҳад ишғолгарони Қудс ҳаргиз тан ба пардохти ҳуқуқи мазлумон намедиҳанд . Танҳо роҳи поён додан ба ин вазъият идомаи муқовимат барои водор сохтани ишғолгарон ба таслим шудан дар баробари ҳуқуқи байналмиллалӣ ва пайравӣ аз асли таъини сарнавишт тавассути миллати Фаластин аст . "

Бе тардид дар ин шароити ҳассоси торихӣ, ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин барои раҳоӣ аз ин зулм як масъулияти инсонӣ, динӣ ва ахлоқӣ аст ва ҳамаи ҷомеъаҳои башарӣ ба унвони шаҳрвандони ҷомеъаи ҷаҳонӣ муваззаф ҳастанд, ки ба ин масъулият амал кунанд .

 

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп