Баҳрабардорӣ аз як тарҳи ободонӣ дар оромгоҳи Фирдавсӣ
(last modified Sat, 15 May 2021 08:25:52 GMT )
Май 15, 2021 13:25 Asia/Dushanbe
  • Оромгоҳи Фирдавсӣ дар замине ба масоҳати 6 гектар дар 25 километрии шимоли ғарби Машҳад қарор дорад
    Оромгоҳи Фирдавсӣ дар замине ба масоҳати 6 гектар дар 25 километрии шимоли ғарби Машҳад қарор дорад

Ҳамзамон бо рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ, тарҳи ободонии масири дастрасии оромгоҳи Фирдавсӣ ба бинои таърихии Ҳорун ар-Рашид ба тӯли 700 метр ба баҳрабардорӣ расид.

Ин тарҳ бо ҳадафи зебосозӣ ва сомондиҳии пиёдарави оромгоҳи Фирдавсӣ то бинои таърихии Ҳорун ар-Рашид (аз қадимитарин осори шаҳри Тӯс аст, дар наздикии оромгоҳи Фирдавсӣ) дар муддати 115 рӯз иҷро шудааст.

Барои сохти ин масир дастрасии 4 ҳазор метри мураббаъ фазои сабзи эҷод ва 5 ҳазор метримураббаъ ҷадвал сохта шудааст.

25 урдубиҳишт дар тақвими миллии Эрон рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аст.

Оромгоҳи Фирдавсӣ дар заминӣ ба масоҳати шаш гектар дар 25 километрии шимоли ғарби Машҳад қарор дорад ва 46 сол пеш дар феҳристи осори миллии Эрон ба сабт расидааст.

Меъмории дохили ин бино низ дар бардорандаٔи кошикориҳо, нуқӯши сангии барҷаста аз достонҳои “Шоҳнома” ва катибаҳое сангӣ аз сурӯдаҳои Фирдавсӣ ва дигарон аст.

 

Бештар бихонед: