Ҳаддоди Одил: Шоҳнома барои миллатҳои минтақаи ЕКО аст
Раиси бунёди Саъдӣ таъкид кард, шоҳнома барои миллатҳои минтақаи ЕКО аст.
Ғуломалии Ҳаддоди Одил рӯзи шанбе дар нишасти маҷозии “Посдошти забону адабиёти форсӣ ва бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ” гуфт: “Фирдавсӣ бо шоҳномаи худ ҳамосаи ҷовдонае офарида, ки танҳо мутааллиқ ба як миллат ва кишвар нест, балки ҳамосаи миллатҳои ин минтақа аст”.
Ҳаддоди Одил афзуд: “Кишварҳои узви ЕКО, таърих ва ҷуғрофиёе муштарак доранд, ки сабаби пайдоиши фарҳанги муштарак миёни мардуми ин кишварҳо шудааст ва забони форсӣ, муҳаммил ва бистари ин фарҳанги муштарак дар тӯли таърих будааст”.
Вай бо ишора ба ҷойгоҳ ва нақши Фирдавсӣ дар забони форсӣ афзуд: “Касе, ки беш аз ҳама дар оғози таърихи забони форсӣ дар мондагорӣ ва қуввати забони форсӣ саҳм дорад, Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ аст ва ҳаргоҳ номи забони форсӣ ба миён биёяд, номи ӯ ба зеҳн мерасад”.
Ҳаддоди Одил аз форсизабонон ва мардумони минтақаи ЕКО хост, ҷашнҳое монанди Наврӯзро фаромуш накунанд ва ин фарҳанги муштарак ва забони форсиро василае барои анвои ҳамкориҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ қарор диҳанд.
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар соли 329 ҳиҷрии қамарӣ ( 1020 - 940 мелодӣ ) дар шаҳри Тӯс, наздики шаҳри Машҳади кунунӣ дар шимоли шарқи Эрон чашм ба ҷаҳон гушуд.
25 урдибиҳишт ( 15 май ) дар тақвими ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ аст.
Бештар бихонед:
- Бузургбод ному ёди Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ+видео
-
Паёми сафири Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати рӯзи бузургдошти ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ