Май 19, 2021 14:46 Asia/Dushanbe
  • Сафирони Эрон ва Фаластин дар Душанбе ҷиноятҳои режими саҳюнистиро маҳкум карданд
    Сафирони Эрон ва Фаластин дар Душанбе ҷиноятҳои режими саҳюнистиро маҳкум карданд

Сафирони Эрон ва Фаластин дар Тоҷикистон бар зарурати ваҳдати ҷаҳони ислом барои амалӣ шудани ормони Фаластин таъкид карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе Муҳаммадтақии Собирӣ рӯзи сешанбе пас аз дидор бо Лоаи Иссо  Loai  Issa  сафири Фаластин дар ҳисоби Твиттерии худ навишт: «Дар дидор бо дӯсту бародарами оқои  Луи  Исо  сафири муҳтарами Фаластин дар Тоҷикистон, зимни маҳкум  намудани ҷиноёти ваҳшиёнаи ахири режими саҳюнистӣ, ки мунҷар ба шаҳодати садҳо ва маҷрӯҳияти ҳазорон фаластинӣ шудааст, бар лузуми ваҳдат миёни ҷаҳони ислом дар ҷиҳати таҳаққуқи ормони Фаластин таъкид кардам.» 

Дар даври ҷадиди ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо дар Қудс, Каронаи Бохтарӣ ва Навори Ғазза то кунун дасти ками 242 фаластинӣ аз ҷумлаи 63 кӯдак шаҳид ва 4 ҳазору 355 нафари дигар захмӣ шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп