Май 19, 2021 19:14 Asia/Dushanbe
  • Қишрҳои мухталифи мардуми Теҳрон шиорҳои \
    Қишрҳои мухталифи мардуми Теҳрон шиорҳои \"марг бар Амрико\" ва \"марг бар Исроил\" сар доданд

Мардуми Теҳрон дар ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластин ва низ маҳкӯмияти ҷиноятҳои режими ғосиби Исроил дар Борикаи Ғазза таҷаммуъ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, қишрҳои мухталифи мардуми Теҳрон асри чаҳоршанбе дар ин таҷаммуъ бо дар дасти доштани парчами Фаластин ва сар додани шиорҳои "марг бар Амрико" ва "марг бар Исроил", аз мардум ва гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ҳимоят ва ҳамчунин инзиҷори худро аз ҷиноятҳои режими Исроил дар Ғазза эълом карданд.

Ин рӯзҳо мардуми кишварҳои мухталифи исломӣ бо ҳузур дар тазоҳуроти худҷӯши ҳамалоти режими Исроил ба Ғаззаро маҳкӯм ва аз мардуми бегуноҳи Фаластин ҳимоят мекунанд.

Нерӯҳои ишғолгари саҳюнист аз душанбеи ҳафтаи гузашта  ҳамалоти ваҳшиёнаи худро ба Каронаи бохтарии ва Борикаи Ғазза шурӯ карданд, ки токунӯн бар асари ин ҳамалот 218 фаластинӣ шаҳид ва садҳо тан захмӣ шудаанд.

 

Бештар бихонед:   

 

Барчасп