Алоқамандии Тоҷикистон ба колоҳои тавлиди Эрон, зарурати нигоҳи иқтисодии баландмуддат
Раиси утоқи аснофи Машҳад гуфт: Алоқамандӣ барои истифода аз колоҳои тавлиди Эрон дар кишвари Тоҷикистон бисёр зиёд аст.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Маҳмуди Бинонажод рӯзи сешанбе таи нишасте дар Машҳад бо мавзуи густариши ҳузури аснофи машҳадӣ дар бозори Тоҷикистон афзуд: Бар ин асос нигоҳи иқтисодии баландмуддати аснофи Эрон дар тиҷорат бо Тоҷикистон амре зарурӣ ба манзури тавсеаи тиҷорат миёни ду кишвар аст. Вай идома дод: Зарурӣ аст, асноф дар заминаҳои мухталиф ниёзҳои бозори ҳадафро санҷида ва нисбат ба судури коло иқдом кунанд .
Раиси утоқи аснофи Машҳад гуфт: Фаъолони иқтисодӣ бо шинохт аз кишвари Тоҷикистон қатъан хоҳони эҷоди тиҷорати муваффақ бо тоҷикҳо шуда ва бояд дар ин замина барои касби суди баландмуддат барномарезӣ кунанд .
Вай афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳазинаи сарбори тавлид дар Тоҷикистон бисёр поинтар аз Эрон аст, тавлидкунандагоне, ки қасди сармоягузорӣ дар он кишварро доранд, метавонанд тавлидоти худро дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояаш ба фурӯш бирасонанд .
Бинонажод ҳамчунин гуфт: Дар чорчуби эҷоди бозорҳои ҳадаф барои тавлидоти эронӣ 11 синфи тавлидии Машҳад шомили кифу кафш, санг, хадамоти фаннӣ, саноеи фулузӣ, гулу гиёҳ, пушоку фарши дастбоф дар Намоишгоҳи "чимкант"-и Қазоқистон ҳузур дорнд. Вай афзуд: Ин амр бо истиқболи шоёни қазоқҳо дар ғурфаҳои мухталиф бавижа ғурфаи кифу кафш мувоҷеҳ шудааст .
Раиси утоқи аснофи Машҳад идома дод: Дар муқоисаи намунаҳои эронӣ бо намунаҳои туркӣ, кафши эронӣ аз назари кайфияту каммият як сару гардан болотар аз намунаи туркӣ буд. Вай ба рушди қобили таваҷҷуҳи санъати кафш дар Машҳад ишора ва баён кард: Бо таваҷҷуҳ ба кайфияти болои тавлидоти кифу кафши Машҳад ин санъат баунвони тавлиди намуна дар кишвар шинохта шудааст .
Бинонажод гуфт: Ин амр метавонад бо таваҷҷуҳ ба мазият нисбат ба маҳсулоти дигар кишварҳо масири худро дар тиҷорат бо кишварҳои матраҳ боз намуда ва ҳамчунин заминаи кор бо кишвари Тоҷикистонро ба нафъи тавлидкунандагони машҳадӣ рақам занад. 105 иттиҳодия бо 120 ҳазор воҳиди синфӣ дар Машҳад зери пушиши утоқи асноф қарор доранд. Ҳамчунин 220 ҳазор воҳиди синфӣ дар сатҳи устони Хуросони Разавӣ фаъол ҳастанд .