Май 24, 2021 09:15 Asia/Dushanbe

Имрӯз (душанбе) севвуми хурдод, 24-уми май, Солрӯзи озодсозии шаҳри Хуррамшаҳр дар ҷануби ғарби Эрон дар соли 1982 аст.

Ин рӯз севвуми хурдод дар тақвими ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони Рӯзи муқовимат, исор ва пирӯзӣ номгузорӣ шудааст.

Дар саросари солҳои пурифтихори дифои муқаддас (Ҷанги таҳмилии ҳаштсолаи режими Саддом, диктатори Ироқ алайҳи Эрон), рӯзҳои бузурге ба сабт расидааст, ки азамат ва аҳамияти он ҳамвора дар зеҳнҳо боқӣ хоҳад монд ва севвуми хурдод Рӯзи озодсозии Хуррамшаҳр дар хилоли ҷанги таҳмилии ҳаштсолаи режими баъси Саддом, диктатори Ироқ алайҳи Эрон низ аз ҳамин ифтихорот аст.

Озодсозии Хуррамшаҳр аз муҳимтарин ҳадафҳои амалиёти Байтулмуқаддас дар соли 1982 буд.

Ин шаҳр пас аз 578 рӯз аз ишғоли Ироқ озод шуд.

Сеюми хурдод на фақат ёдовари озодии Хуррамшаҳр, ки ёдовари фидокориҳо ва истодагиҳои таҳсинбарангези мудофеони Эрони исломӣ дар баробари нерӯҳои мутаҷовиз аст.

Эрону эрониён имрӯз як бори дигар ёду хотираи озодсозии Хуррамшаҳрро гиромӣ медоранд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп