Солрӯзи амалиёти ғурурофарини "Мирсод"
(last modified Tue, 27 Jul 2021 07:01:20 GMT )
Июл 27, 2021 12:01 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи амалиёти ғурурофарини \\\
    Солрӯзи амалиёти ғурурофарини \\\"Мирсод\\\"

Имрӯз сешанбе солрӯзи муқовимати нерӯҳои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар амалиёти ғурурофарини Мирсод бо гурӯҳи террористии мунофиқон аст.

 Амалиёти Мирсод  27 июли 1988 ба манзури муқобила бо ҳамлаи гурӯҳаки террористии мунофиқин, ки аз ҳимояти режими Саддом диктатори Ироқ бархӯрдор буданд, дар устони Кирмоншоҳ дар ғарби Эрон оғоз шуд.

 Ду рӯз қабл аз амалиёти Мирсод, мунофиқин ки нерӯҳои худро дар марзи Эрону Ироқ гирдоварӣ карда ва тавассути режими собиқи Бағдод бо силоҳҳои вазнину нимавазнин муҷаҳҳаз шуда буданд, таҷовуз ба хоки Эронро оғоз карданд.

Сарони мунофиқин тасаввур мекарданд. ки нерӯҳои ин гурӯҳак бидуни бархӯрд бо монеъи муҳимме аз ҷодаҳои аслии Эрон убур хоҳанд кард ва дар муддати кӯтоҳе ба Теҳрон хоҳанд расид ва пойтахти Эронро ба тасарруф хоҳанд даровард, аммо нерӯҳои Эрон дар амалиёти Мирсод  теъдоди зиёде аз аносури гурӯҳаки террористии мунофиқинро дар тангаи Потоқ (Мирсод ) дар ғарби Эрон,  муҳосира карданд ва пас аз се рӯзи даргирӣ дар ниҳоят пирӯз шуданд.

Вожаи арабии Мирсод ба маънии камин аст, ин ном ба хотири камини барномарезӣ шудае, ки нерӯҳои низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом дода буданд барои ин амалиёт дар назар гирифта шуд.

Дар амалиёти Мирсод беш аз чаҳор ҳазору 800 нафар аз аъзои гурӯҳаки террористии мунофиқин кушта ва захмӣ шуданд, ки албата дар миёни кушташудагон ва асирон теъдоди зиёде аз аъзои аршади ин гурӯҳак низ вуҷуд дошт.

Мардуми Эрон бар гурӯҳи ҷинояткоре, ки худро " муҷоҳидини халқ " мехонданд, номи мунофиқин ниҳодаанд.