Таъйиди салоҳияти 7 нафар барои рақобат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон
Сухангӯи Шӯрои нигаҳбон эълом кард, номаи ҳафт номзади тасдиқи салоҳиятшудаи сездаҳумини давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба вазорати кишвар ирсол шуд.
Ба гузориши ИРНА, Ситоди интихобот дар Вазорати кишвари Эрон дар иттилоияи шумораи 15-и худ номзадҳои интихоботи сездаҳумини давраи раёсати Ҷумҳурии исломии Эронро, ки салоҳияти онон мавриди таъйиди Шӯрои нигаҳбон қарор гирифтааст, эълом кард.
Дар ин иттилоия омадааст, дар иҷрои модаи 60 қонуни интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба огоҳии мардуми шарифи Эрони исломӣ мерасонад, асомии номзадҳои интихоботи сездаҳумин давраи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки салоҳияти онон мавриди таъйиди Шӯрои нигаҳбон қарор гирифтааст ба тартиби ҳуруфи алифбо ба шарҳи зер мебошад:
Оқои Саиди Ҷалилӣ–фарзанди Муҳаммадҳасан - коди номзадӣ 22
Оқои Муҳсини Ризоии Мирқоид–фарзанди Наҷаф - коди номзадӣ 44
Оқои Саидиброҳими Раисӣ Ал Содот, машҳур ба Раисӣ– фарзанди Саидҳоҷӣ - коди номзадӣ 33
Оқои Алиризо Зоконӣ– фарзанди Ҳусайн - коди номзадӣ 55
Оқои Саидамирҳусейни Қозизодаи Ҳошимӣ–фарзанди Саидҳасан - коди номзадӣ 66
Оқои Муҳсини Меҳрализода– фарзанди Раҳим - коди номзадӣ 77
Оқои Абдунносир Ҳимматӣ– фарзанди Аҳмадалӣ - коди номзадӣ 88
Сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва шашумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру русто 28 хурдодмоҳи 1400 баробар бо 18 июни 2021 дар саросари Эрон баргузор мешавад.
Бештар бихонед:
- Раҳбари инқилоб: интихобот фурсат аст/ набояд мардумро аз интихобот дилсард кард
- Оғози сабти номи номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон