Май 26, 2021 13:29 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Эрон раёсати Шӯрои олии инқилоби фарҳангиро  ба ӯҳда дорад
    Раиси Ҷумҳурии Эрон раёсати Шӯрои олии инқилоби фарҳангиро ба ӯҳда дорад

Қонун дар бораи ҳимоят аз бозгашти нухбагони эронӣ ва ҷалби нухбагони ғайриэронӣ дар Шӯрои олии инқилоби фарҳангии Эрон тасвиб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи итилоърасонии Раёсати Ҷумҳурии Эрон, дар ҷаласаи ахири Шӯроии олии инқилоби фарҳангии Эрон  қонуни 9 модаи роҳкорҳо ва наҳваи ҳимоят аз нухбагон ва умуре, ки метавонад ба навъе аз нухбагони эронӣ посдорӣ карда ва ба бозгашти онон аз саросари ҷаҳон ба кишвар кумак кунад ба тасвиб  расид. 

Ҷазби нухбагони ғайриэронӣ аз кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои мусулмон низ бахши дигаре аз ин қонун буд, ки тасвиб шуд.

Бар асоси ин қонун аз фаъолиятҳои таблиғӣ ва расонаие, ки ба ҳар наҳв ба дунболи фиристодани нухбагони эронӣ ба хориҷ аз кишвар бошад, ҷилавгирӣ хоҳад шуд.

Барчасп