Декабр 27, 2023 11:33 Asia/Dushanbe
  • Раиси Кумиати варзиши Тоҷикистон: Барои тақвияти иртибот бо ҷавонони нухбаи эронӣ ҷиддӣ ҳастем

Раиси Кумиати кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон гуфт, тақвияти иртибот бо нухбагону ҷавонони кишвари Эрон мавзӯи муҳимме аст, ки барои таҳаққуқи он пайгир ва ҷиддӣ ҳастем.

Абдуллоҳ Раҳмонзода сешанбешаб дар нишасте бо ҷавонону нухбагони илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дар Донишгоҳи Язд афзуд, барои тақвияти иртибот байни нухбагону ҷавонон бояд дар амал шоҳиди ҳиммат ва пайгирӣ бошем ва мо аз ин ҳадаф ҳимоят дорем.

Вай бо баёни инки имрӯз боиси ифтихор аст, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон илм рушд мекунаду мактабу мадорис ҷойгоҳи хос доранд ва ҳамин амр боиси шуда, ки ҷавонони эронӣ ба дастовардҳои мухталифе даст пайдо кунанд, идома дод, дар Тоҷикистон бар илму маориф арҷ гузошта мешаваду маориф дар авлавияти сиёсати кишвар қарор дорад ва аз ҳар сатҳи дигаре бештар ба он таваҷҷуҳ мешавад.

Абдуллоҳ Раҳмонзода изҳор кард, дар давлати мо беҳтарин сармоягузориро мубтанӣ бар насли ҷавону таълиму тарбияти онҳо қарор додаанд ва ин ҷавонон нухба ҳастанд, ки ояндаро бо донишу тахассуси худ ташкил медиҳанд.

Вай бо ишора ба инки мо дар 30 соли гузашта дар таърихи Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор мактаб сохта ва беш аз як ҳазор муассисаи таълимиро ташкил додаему мутобиқ бо илми ҷаҳон ҳаракат шуда гуфт, дар кишвари мо ба илму мухтареъон таваҷҷуҳи вижае мешавад ва токунӯн беш аз 50 ҳазор донишҷӯ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон таҳсил мекунанд.

 

Барчасп