Интишори ибтикори Президенти Тоҷикистон барои эъломи Рӯзи ҷаҳонии морхӯр дар расонаҳои Швейтсария
Ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эъломи Рӯзи ҷаҳонии морхӯр дар расонаҳои гуруҳии Швейтсария таблиғ шуд.
Ибтикороти мустамари Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи об, иқлим, муҳити зист ва ҳифозат аз табиат ва эъломи Рӯзи ҷаҳонии морхӯр дар расонаҳои ҷамъии Швейтсария ба ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндагии иқомати доими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва соири созмонҳои байналмилалӣ дар Женева ба таври густарда таблиғ мешавад.
Ба вижа дар сайти маҷаллаи муътабари “Diva International” –и Женева матлабе бо номи “Эъломи Рӯзи ҷаҳонии морхӯр тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон” мунташир шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 2 майи соли 2024 ибтикори баъдии Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои эъломи Рӯзи ҷаҳонии морхӯр ба иттифоқи оро аз тариқи мусаввабаи марбута тасвиб кард.