Май 06, 2024 17:24 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Чин: Масъалаи Фаластин қалби мардуми ҷаҳонро ба дард оварда аст
    Раиси Ҷумҳурии Чин: Масъалаи Фаластин қалби мардуми ҷаҳонро ба дард оварда аст

Раиси Ҷумҳурии Чин гуфт, ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза қалби мардуми ҷаҳонро ба дард оварда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Си Ҷи Пинг раиси Ҷумҳурии Чин ки ба Фаронса сафар карда аст дар ёддошти ихтисосии худ барои расонаҳои фаронсавӣ бо баёни ин ки ҳамлаи Исроил ба борӣкаи Ғазза қалби мардуми ҷаҳонро ба дард оварда аст навишт, роҳи ҳали аслии ин масъалаи ташкили кишвари мустақил Фаластин аст .

Си Ҷи Пинг далели аслии идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғаззаро иҷронашудани қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид донисту афзуд, раванди сулҳ дар ғарби Осиё аз масири дурусти мунҳариф шуда аст .

Раиси Ҷумҳурии Чин таъкид кард, Чин ва Фаронса дар бораи масъалаи Фаластин иҷмоъи назар зиёди доранд ва бояд ҳамкориҳоро барои бозгардондани сулҳ ба ғарби Осиё афзоиш диҳанд .

Режими саҳюнистӣ аз 7 октябри гузашта бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густардаеро дар борикаи Ғазза ва каронаи бохтарии зидди мардум бедифо ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохта ва сукути ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар қиболи ҷиноёти Исроил , сабаби тадовуми куштори занону кудакони фаластини тавассути мошини ҷангии ин режими номашруъ шуда аст .

Бинобари эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин аз оғози ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар борикаи ғазза дар 7 октябри гузашта токунун беш аз 34 ҳазор фаластини шаҳид ва афзун бар 77 ҳазор нафар маҷруҳ шудаанд ки бештари қурбониёни ин ҳамалот , занон ва кудакон ҳастанд.

Барчасп