Май 27, 2024 10:40 Asia/Dushanbe
  • Кишвари  гулу гулоб/ Нигоҳе ба гулобгирӣ дар Эрон
    Кишвари гулу гулоб/ Нигоҳе ба гулобгирӣ дар Эрон

Порс Тудей - Маросими гулобгирӣ реша дар ойину фарҳанг эронӣ дорад ва ҳар сола бошукӯҳтар аз соли қабл дар 14 устони Эрон ки маркази парвариши гули Муҳаммадӣ ҳастанд , баргузор мешавад ба тавре, ки маросими гулчинӣ ва гулобгирии Кошон ва Мейманди устони Форс ба яке аз муҳимтарин ҷозибаҳои гардишгарии Эрон дар фасли баҳор табдил шудааст .

Ин маросим ба сӯрати умда аз авоили урдибиҳишт то авохири хурдод ( бар асоси шароити обу ҳавоӣ ва иқлимӣ ) баргузор мешавад ва ҳазорон гардишгар аз дохили Эрон ва хориҷ , онро ба назора менишинанд .

Тасвирӣеаз чидани гулҳои Муҳаммадӣ тавассути як бонуи эронӣ

Гули Муҳаммадӣ ( Persian Rose ) аз ҷумлаи гулҳое аст ки номаш бо Эрон гиреҳ хӯрдааст . Қарнҳост ки гули Муҳаммадӣ дар Эрон кошта мешавад ва ранги суратии он ба вижа дар урдибиҳишт моҳ даштҳо ва гулхонаҳоро рангин мекунад .

Гули Муҳаммадӣ( Persian Rose )

Имрӯза шаҳри Кошон қутби гулобгирии ҷаҳонаст ва ду минтақаи Қамсар ва Ниясар дар Кошон бештарин коргоҳҳои гулобгириро дар худ ҷой додаанд. Танҳо дар бахшҳои Қамсар , Ниясар , Ҷушқон ва Барзок дар шаҳристони Кошон маҷмӯан бештар аз 15 ҳазор тон гулоби сангин тавлид мешавад ва ҳаҷми зиёде аз ин тавлидот ба кишварҳои дигар содир мешавад .

Тасвирӣ аз ҷамъоварии гулҳои Муҳаммадии ҷиҳати гулобгирӣ

Бо рӯйиши гулҳои Муҳаммадӣ занону мардони аҳли рӯстоҳои шаҳристони Кошон ва  Мейманди устони Форс ба боғҳо ва киштзорҳо рафта ва гулҳоро мечинанд . Ағлаби гулчинӣ , авоили субҳ ва қабл аз гарм шудани ҳаво анҷом мешавад .

Тасвирӣ аз маросими гулчинӣ дар Эрон

Дар ҳайни гулчинӣ , садҳо тоҷи гул дуруст мешаваду кӯдакони хандон онро бар сар мегузоранд .

Кӯдаки хандон бо тоҷӣ аз гули Муҳаммадӣ

Дар бархе рӯстоҳои Эрон дар фасли гулчинӣ , гулҳои Муҳаммадиро бар сари тоза арӯси рехтау вабарояши хушбахтӣ орзӯ мекунанд .

Тасвирӣ аз расми рехтани гули Муҳаммадӣ бар сари тоза арӯс

Гули ғалтон яке дигар аз ойинҳое аст, ки ҳайни гулчинӣ баргузор мешавад.

Тасвирӣ аз ойини гули ғалтон

Дар ойини гули ғалтон , кӯдаки маъмулан зери як солро дар анбӯҳе аз гул хобонда ва барояши зиндагии хубу ором орзӯ мекунанд .

Гулчинӣ фурсате барои ишқварзӣ ; Зану мард , пиру ҷавон намешиносад.

Гул ҳадияи зебо барои ибрози муҳаббат

Пас аз гуличинӣ , гулҳо дар сабадҳои  бузурги ҷамъоварӣ мешаванд .

Тасвирӣ аз ҷамъоварии гулҳои Муҳаммадӣ дар сабадҳо

 Гулҳои чида шуда пок мешаванд то гулоби марғубтарӣ ҳосил шавад .

Гулҳои Муҳаммадӣ дар дегҳои бузурги мисӣ рехта мешаванд то бо амали тақтери табдил ба гулоби ноби эронӣ шаванд .

Тасвирӣ аз рехтани гулҳои Муҳаммадӣ дар дегҳои мисӣ ҷиҳати гулобгирӣ

Барои гулобгирӣ ба равиши суннатӣ ибтидо деги мисиро рӯй ҳарорат қарор медиҳанд ва тақрибани 30 килограм аз гулҳои Муҳаммадии чида шударо дар дохил ҳар дег мерезанд ва 80 литри об ба он изофа мекунанд . Бар рӯй он дарпуши мисӣ мегузоранд ва вазнае ҳам бо ҳадафи кантроли фишори ба вуҷӯди омада аз бухор бар рӯй он қарор медиҳанд ва дар ниҳоят бо истифода аз миқдори пӯшонандаи махсӯс ки маъмулан махлуте аз туфолаи гул ва оради нон аст фосилаи байни дегу дарпуши мисиро пур мекунанд .

Тасвирӣ аз фароянди гулобгирӣ

Ва ҳосил ; Гулоби ноби эронӣ аст .

Image Caption