Октябр 27, 2016 11:39 Asia/Dushanbe
  • Эрон бо 8 медал қаҳрамони куштии донишҷуёни ҷаҳон шуд

Тими куштии озоди донишҷуёни Эрон, дар рақобатҳои ҷаҳонии ин ришта дар Туркия, бо ҳашт медал ба мақоми қаҳрамонӣ расид.

Тими куштии озоди донишҷуёни Эрон рӯзи чаҳоршанбе, дар дувумин рӯз аз дувоздаҳумин давраи рақобатҳои куштии қаҳрамонии донишҷуёни ҷаҳон дар Хроми Туркия, муваффақ шуд бо ду медали тилло ва ду бурунз ба унвони қаҳрамонии ин рақобатҳо даст ёбад.

Дар ин давра аз рақобатҳо, Эрон бо касб 8 медал, шомили 5 тилло ва се бурунз унвони нахусти ҷаҳониро касб кард ва Русия ва Туркия низ дар радаҳои дувум ва сеюм истоданд.

Дувоздаҳумин давраи мусобиқоти куштии қаҳрамонии донишҷуёни ҷаҳон, бо ҳузури намояндагони 25 кишвари ҷаҳон, аз 25 то 30 октябр дар Хроми Туркия баргузор мешавад.

Тими куштии фарангии Эрон, ҳам рӯзи чаҳоршанбе вориди Туркия шуд ва мусобиқоти худро аз рӯзи шанбе 29 октябр оғоз мекунад.